​Усулҳои ҷамъоварии ахбори сотсиологӣ

Дар доираи озмуни умумидонишгоҳии "Муаллими сол-2023" аз ҷониби довталаби озмун аз кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, номзади илмҳои фалсафа, сармуаллима Тӯрабоева Дилобар дарси кушод гузаронида шуд. Дарси кушоди амалӣ дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ бо гурӯҳи 203 “а” аз фанни сотсиология ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод дар мавзуи "Усулҳои ҷамъоварии ахбори сотсиологӣ" доир гардид. Дар ҷараёни дарси амалӣ ба донишҷӯён методҳои гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ фаҳмонида шуда, дар баробари он дониши амалии донишҷӯён санҷида шуд.

Қайд гардид, ки омӯхтани муаммоҳои ҷомеаи муосир тавассути гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷомеа муайян карда шуда, роҳи ҳалли муаммо пайдо гардад.

Дар раванди дарс омӯзгор аз усулҳои фаъоли таълим, воситаҳои муосири техникӣ, аёниятҳои таълимӣ самаранок истифода намуд. Мавзӯи дарс ба самти ихтисос равона карда шуд. Аз ҷумла, донишҷӯён аз тахтаи электронӣ истифода бурда, бо луғат, красворд, ва тестҳо кор намуданд.

Ҳамзамон, филми мустанад оид ба андешаҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба идоракунии ҷомеа ба намоиш гузошта шуда, мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ