Ҷумҳурият. Ҷавонон ва рушди тафаккури миллӣ

Андешидан перомуни ҳаёти имрӯза ва ояндаи ҷавонон ба назари мо рисолати ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо бояд бештар аз пештар ба ин мавзуи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Дар ин маврид овардани гуфтори яке аз донишмандони юнониро мувофиқи матлаб медонем: «Агар кафшдӯзҳо кафши бесифат дӯзанд, аз ин давлат зарар намебинад. Вале ба тарбияи насли нав ашхоси бесавод ва бетараф иштиғол варзанд, ин теша бар решаи давлат мебошад». Аз ин рӯ, лозим медонем, ки дар тарбияи дурусти ҷавонон мусоидат намуда, барои ояндаи дурахшони онҳо дар партави суханрониҳои Пешвои миллат ҳамеша тадбирҳои муҳимро пиёда созем. Дар сиёсати дурнигаронаву хирадгароёнаи Сарвари давлат ҷойгоҳ ва сарнавишти ҷавонон хеле рӯшан ва асосӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неру ва хидмату азамати ҷавонони болаёқат ва ватандӯсту худшинос бовар доранд ва борҳо изҳор доштаанд, ки ин давлату миллат мероси насли ватандӯсту худогоҳ хоҳад буд. Дар баробари ин, ҳамеша таъкид медоранд, ки чеҳраи ҷавонони имрӯз аз ҷавонони солҳои навадум ба куллӣ фарқ мекунад. Ин сухан на танҳо ба зоҳир, балки дар андешаву афкори ҷавонон низ равшан ҳувайдост. Пешвои миллат бо боварӣ ба ақлу хирад ва заковати ҷавонон ҳамеша ин нуктаро ба он маънӣ таъкид медоранд, ки ҷавонони имрӯз дигар мисли ҷавонони солҳои навадум набояд қурбони афкор ва андешаҳои гумроҳкунандаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шаванд. Имрӯз ҷавонон барои такмили тафаккури миллии хеш заминаҳои муҳим доранд ва маҳз тавассути корномаҳои созандаи Пешвои миллат тамоми шароитҳо ҷиҳати тарбия ва такмили шуури маънавии онҳо фароҳам омадаанд. Танҳо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва ҳамакнун ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» метавонанд нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон гузоранд.

http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=47646#:~:tex...

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ