Тренингҳои психологӣ бо хонандагон

Бахшида ба рӯзи байналмиллалии “Солимии равонӣ” бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар Муассисаи давлатии таълимии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон бо хонандагон тренингҳои психологӣ гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кори тренингҳо донишҷӯёни ихтисоси психология таҳти сарварии устодон Мансур Луфов ва Муҳарам Раҳимова бо хонандагон мавзуҳои “Муҳаббат дар синни наврасӣ”,“Алкоголизм ва наркомания дар синни наврасӣ”,“Булинк ва муаммои он байни наврасон”,“Дӯстӣ дар синни наврасӣ”,“Тарки одатҳои шахшуда”,“Муносибат ва муошират”-ро мавриди барасӣ қарор доданд.

Зимни баргузории тренинг ба иштирокчиён роҳу усулҳои даст кашидан аз одатҳои бад, тарбияи психологии насли наврас дар замони муосир ва монанди инҳо фаҳмонида шуд. Гуфта шуд, ки тарбияи психологӣ аз масоили муҳими мактабу маориф ба шумор рафта, равандест, ки ба сатҳу сифати таълим ва савияи донишазхудкунии хонанда таъсири бевосита ва ҳалкунанда дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ