​Тренинги психологӣ алайҳи хушунат ва роҳҳои пешгирии он

Дар доираи “16 - рӯзи алайҳи хушунат дар хонавода“ аз тарафи омӯзгорони кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ М.Раҳимова ваР.Ҳоҷибоева дар хобгоҳи 1-и донишгоҳ бо ҷалб ва иштироки донишҷӯдухтарон тренинги психологӣ таҳти унвони “Зӯроварӣ, хусусиятҳо, намудҳо ва роҳҳои пешгирии он” ташкил ва гузаронида шуд. Дар тренинги мазкур намояндаи Ассосиатсияи занони Тоҷикистон ҳуқуқшинос Хуршеда Мӯминзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷараëни чорабинӣ тавсифи зӯроварӣ, намудҳои он - психологӣ, иқтисодӣ, ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ва иҷтимоӣ, хусусиятҳо, нишонаю зоҳиршавӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба мавзуъ аз тарафи донишҷӯдухтарон саҳначаҳо ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон роҳу воситаҳои мубориза ва пешгирӣ матраҳ гардида, тарафҳои қонунии алайҳи зӯроварӣнисбати ин ë он нафар дар оила мутобиқбаҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила”аз тарафиҳуқуқшинос Х.Мӯминзода таҳлил гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ варақаҳо ва маводи маълумотии дороирафтори характери зӯроваридошта, китобчаи Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» ва маводи конселярӣба донишҷӯëндастрас карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ