​Тренинг: Муносибати волидайн нисбати фарзанд дар синни наврасӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо иштироки мудири шӯъбаи тарбия дотсент Бахтиёр Шомирзоев бо иштироки васеи устодону донишҷӯён тренинги озмоишӣ дар мавзӯи “Муносибати волидайн нисбати фарзанд дар синни наврасӣ” ташкил ва баргузор гардид.

Дар доираи тренинг муносибат ва ҳолати эҳсосии волидайн нисбати фарзандон маврди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки волидайн вазифадоранд, ки барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд. Вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон тарбияи фарзандон дар руҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накӯкорӣ, раҳмдилӣ, муносибати боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, ҷомеа ва эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён саҳначаҳои тарбиявӣ ба номоиш гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ