​Тоҷикистон ватани Наврӯз аст

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар хобгоҳи №3 таҳти унвони “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” конференсияи илмӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Иқдоми мазкур дар доираи ҳафтаи илм ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин ташаббус як қатор маърӯзаҳо ироа шуданд, ки дар он доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, хусусият ва расму оинҳои он маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён шеъру гуфтор қироат шуда, саҳнаҳои ҷолиб ба намоиш гузошта шуд.

Давоми ҳафтаи илм бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ як қатор чорабиниҳои дигар ташкил шуданд, ки тафсилоти он дар гузоришҳои минбаъда баён мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ