​Тоҷикистон кишвари озоди ман

Бо ташаббуси устодони кафедраи географияи табиии факултети геоэкология ва туризм дар толори китобхонаи хобгоҳи рақами №9-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Тоҷикистон кишвари озоди ман” баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дар замири донишҷӯён бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ арзишҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ арзёбӣ гардид.

Зимнан қайд гардид, ки аз файзу баракати истиқлолият сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, барои рушди устувор ва бемайлони фарҳанги миллӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам омад.

Аз донишҷӯён хоҳиш ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо хубу аъло таҳсил намуда, мутахассисони варзида ба камол расида, ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ