​Тоҷикистон бо ту дорам ифтихор!

Дар толори факултети геоэкология ва туризм чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон бо ту дорам ифтихор” доир шуд. Ин ташаббус аз ҷониби кафедраи географияи тарбиӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, дотсент Маҳмудзода Бахтиёр, декани факуллтет дотсент Абдухолиқзода Музаффар, мудирони кафедраҳои факултет ва як қатор устодон иштирок намуданд.

Декани факултет дотсент Абдухолиқзода Музаффар баромад намуда, иштирокчиёнро ба муносибати як қатор ҷашнҳои сипаришуда табрик гуфт. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Дар идома донишҷӯёни ихтисосҳои географиябарномаи таҳиянамудаи худро таҳти унвони “Тоҷикистон бо ту дорам ифтихор” пешкаши тамошобинон гардониданд, ки аз маърӯзаву шеърҳои пурмӯҳтаво, суруду таронаҳои дилнишин ва рақсҳои дилнишин иборат буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ