Терроризм ва ифротгароӣ – таҳдид ба субот ва амнияти ҷомеа
Терроризм ва ифротгароӣ чун як зуҳуроти хатарафзо бо оқибати даҳшатбору бераҳмонаи худ ба биму таҳлуқа ва таҳдиди ҷиддитарини асри XXI барои тамоми инсоният ва таъмини суботу амнияти ҷомеа табдил ёфтааст.
Экстремизм ва ифротгароӣ ин падидаи нав нест ва таърихи тӯлонӣ дорад. Драманависи бузурги Юнони Қадим Эврипид ҳанӯз ду ним ҳазор сол пеш дар асари саҳнавии фоҷиавии худ «Баккайҳо» ин падидаи хатарафзоро тасвир намудааст.
Аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон бар он ақидаанд, ки экстремизм, тундравӣ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаю канори сайёраи мо ба амал меояд.
Махсусан экстремизми динӣ дар замони мо дар байни пайравони дини ислом бештар доман паҳн кардааст ва баъзе мубаллиғони он аз муқаррароти дини мубини ислом сӯистеъмол намуда, исломро бо ғаразҳои сиёсӣ омехта месозанд, тибқи дастуру нишондод ва нақшаҳои хоҷагони бегонаи худ, ки душманони аслии ислом ҳастанд, амал менамоянд.
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ қариб ҳазор сол қабл аз ин моро аз чунин «пешвоёну ходимони» динфурӯшу манфиатҷӯ, ки дину имонро ба ҷуз василаи ба даст овардани суду манфиати худ чизи беш намеҳисобанд, чунин ҳушдор дода буд:
Зиёни касон аз паи суди хеш,
Биҷӯянду дин андар оранд пеш.
Баъзе муҳаққиқон, таҳлилгарон ва коршиносони исломи муосир бар он ақидаанд, ки дар ҷаҳони ислом ва баъзе кишварҳои мусулмонӣ ҳоло ду падидаи номатлуб ва хатарафзо ба мушоҳида мерасад.
Падидаи аввал, аз як ҷониб аз ҳад ба сиёсат омезиш ёфтан, ба сиёсат гаравидани дин, ё ба истилоҳ густариши исломи сиёсӣ, сиёсишавии дин (политизация религии).
Падидаи дуюм, аз ҷониби дигар аз ҳад ба дин омезиш ёфтан, ба дин гаравидани сиёсат, махлутшавии сиёсат бо дин, ё ба истилоҳи дигар динӣ гардидани сиёсат, афзалият ва ғолибияти арзишҳо, меъёрҳо ва муқаррароти динӣ, дар самту соҳаҳои гуногуни сиёсат нисбат ба меъёрҳо ва қонунҳои мутамаддин (религизация политики).
Ба ақидаи яке аз муҳаққиқон ва коршиносони маъруфи таъриху фарҳанги ислом ва масоили сиёсӣ Абдуллои Раҳнамо, ки чеҳраи аслии ифротгароёни диниро хеле дақиқ ва воқебинона ба риштаи тасвир кашидааст, комилан дуруст қайд менамояд, ки аксарияти онҳо саводи казоии динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ ва таҷрибаю маърифати саҳеҳи динӣ надоранд. Тамоми «дониши динӣ»-и онҳо фақат аз баъзе маълумотҳои ибтидоии фиқҳӣ, иллоҳиётшиносӣ, баъзе иттилооти таърихӣ, маводи таблиғотии ғоявию сиёсии динии хеле соддаву сатҳӣ иборат аст, ки онро ғолибан аз шабакаҳои иҷтимоии интернет ё дигар манбаҳои ғайриҳирфавӣ ба даст оварданд.
Онҳо аҳком, шариат, меъёрҳо, муқаррарот, арзишҳои аслии фалсафӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ахлоқии динро, ба таври хеле маҳдуд, сатҳӣ, зоҳирӣ, сарсарсахтона, сахтгирона ва ҷоҳилона фаҳмида, танҳо ақида, тарзи дарку фаҳмиши худ ва ақидаву фаҳмиши хоҷагон, охундҳо ва дигар «устодони» маънавии худро эътироф ва қабул менамоянд ва ақидаи уламои мӯътабари исломро қабул надоранд. Ин гуна ашхос ба меъёрҳои зоҳирӣ, мисли рангу намуди либос, дарозӣ ва кӯтоҳии шалвору эзор, тарзи хондани намоз ва ҷунбондани узвҳои бадан ҳангоми адои намоз бо сару садои баланд, андозаи ришу печи салла, маҳдудсозии ҳуқуқи занон, муҳокима ва маҳкум кардани рафтори дигарон ва дигар аломатҳои зоҳирпарастӣ таваҷҷӯҳи беандоза ва ҷиддӣ дошта, аммо ба арзишҳои аслии динӣ, чун таҳаммул, тақвою парҳезкорӣ, раҳму шавқат, илму маърифат, меҳнати ҳалол, ахлоқу одоби ҳамида, озодӣ ва озодандешӣ, фарҳангу маънавиёт таваҷҷӯҳ надоранд.
Ифротгароёни динї ба мазҳабҳо, шохаҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари динї эҳтиром надоранд, нисбати пайравони дину мазҳабҳои дигар ҳисси бадбинї доранд, дар ҳаќќи онҳо суханони носазо мегўянд, онҳоро куфрумулҳид эълон мкунанд ва сабаби низоъ, ихтилоф ва људої дар байни пайравони як дин ва душмании динҳои гуногуни љаҳон мешаванд.
Ифротгароёни динї ба арзишҳо ва меъёрҳои ќонун, тартиботи љамъиятї, маќомоти қудратӣ, ҷомеаи дунявӣ, демократӣ, озод ва умуман нистаб ба давлат ва ќонунҳои мутамаддин ҳисси нафрат доранд ва ҳамеша бар зидди он дар мавќеи мубориза ќарор доранд.
Шахси ифротї арзишҳои фарҳангию маънавї, аз љумла ба санъат, ҳунар, мусиќї, шеъру адабиёт, расму оинҳои мардум бо ҳисси нафрат ва бадбинї муносибат менамояд. Ў шаклҳои гуногуни иртиботи инсонї ва пайвандҳои иљтимоиро беарзиш меҳисобад ва омода аст, ки ҳатто аз падару модар, хоҳару бародар, пайвандон, дўстону ҳамкорон, устодони худ танҳо ба хотири он, ки онҳо пайрави ў нестанд ва аќидаи дигар доранд, даст кашад, маҳкум ва онҳоро сарзаниш ва таҳдид намояд меҳисобанд.
Агар тамоми аломатҳо ва «сифатҳои» ифротгароёнро љамъбаст намоем, - хулоса мебарорад, - Абдуллои Раҳнамо, ифротгароии динї ҳаргиз як тарзи солими эътиқод, имон ва диндорӣ набуда, балки як навъи инҳирофи динӣ, бегонашавии миллї, бегонапарастӣ, осебпазирии иљтимоӣ, зафъи ақлонӣ, зеҳнӣ ва бемории равонӣ аст. Аз ин рў фарзи ифротгарои динӣ барои ҷомеа, барои тамоми инсон як хатари беандоза ҷиддӣ ва ташвишовар аст.
Дар замони мо, ки терроризм, таассуби динӣ ва ифротгароӣ беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намуда, на танҳо дар минтақаҳои алоҳида ва том, балки дар тамоми љаҳон доман паҳн кардааст таҳқиқу омўзиши сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои пайдоиши он ва роҳу василаҳои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он аҳамияти муҳими илмию назариявї, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад.
Олимон, сиёсатмадорон, коршиносони ин масоил доир ба заминаҳо, сабабҳо, решаҳо ва ангезаҳои пайдоиши терроризм, ифротгароии динӣ, шаклҳои терроризм ва мақсаду мароми созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, динию ифротгаро фикру андешаи гуногун доранд.
Бино ба ақидаи С.Лонсов терроризм як шакли сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдиду фишор, зўроварӣ ба олам ва оламиён аст.
Борҳо таъкид намудам, - зикр намуданд, Сарвари давлат, - ва ҳоло бори дигар иброз медорам, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.
Муовини декан оид ба корҳои тарбияи
факултети таърих ва ҳуқуқ,
Зарифзода Ғайрат Зариф