​Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб

“Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътирофшудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.”

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризми байналмилалӣ» мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Дар замони муосир сиёсати давлат дар ин марҳилаи пурпечутоб ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Дар ин раванд саҳми ҷавонони кишвар ниҳоят дараҷа бузург мебошанд.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин такид шудааст: “Ҳадафи панҷум фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар кадоми моро доир ба ҳалли масоили ҷавонон дар бар мегирад. Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф мо бояд, пеш аз ҳама, барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем. Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони мо кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд”.

Аммо, дар шароити ҳозира масъалаи ҷавонон ҳалли худро ба пуррагӣ наёфтааст. Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо ҳамчун тамоюли ташвишовар боқӣ мемонад. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, олимон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳамма шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм – “тундраву, аз андоза гузаштан” ба терроризм меорад. Терроризм калимаи лотинии «terror» буда, маънои тарсро ифода менамояд. Ё ин ки дар луғати С.И.Ожегов муайян гардидааст, ки терроризм аз калимаи фаронсавӣ «terrorizer» гирифта шуда, маънои зуроварӣ, даҳшат ва дар ҳолати тарсу ҳароси доимӣ нигоҳ доштанро ифода менамояд ва ё мувофиқ ба Конвесияи мубориза бар зидди терроризм қабулшудаи Иттиҳоди Аврупо. Терроризм ин ҳар гуна ҳодисаи зуроварӣ бар зидди озодӣ, ҳаёт ва тандурустии одамон мебошад. Вобаста ба рӯйоварии муносибати олимон ҳар яке нисбат ба терроризм амали иртиҷои террористиро рафт дода, оқибати ногувории онро ба ҷомеаи инсонӣ талқин менамояд. Аммо новобаста аз муносибатҳои мавҷуда, зарароварии терроризм ба ҳаёти инсон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт меафзояд ва таҳдид аст ба амнияти миллии давлатҳои ҷаҳонӣ.

Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд. Терроризми муосир дар айни замон на танҳо аз ҷониби созмонҳо ва гурӯҳҳо, балки аз ҷониби шахсони алоҳида муаррифӣ карда мешавад. Дар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҳама гуна зуҳуроти фаъолияти террористӣ пешбинӣ шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон мунтазам як стратегияи дарозмуддатро амалӣ мекунад, ки ҳадафи он решакан кардани ифротгароӣ мебошад. Имрӯз, беш аз пеш, ташаббуси муштараки ҳамаи кишварҳо дар ташкили муколамаи глобалӣ оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ дорад.

То солҳои 70-уми асри 20 терроризм чанбаи локалӣ дошт, шурӯъ аз ин муддат мафҳуми “терроризми байналмилалӣ” ба вуҷуд омад. Яъне дар ин вақт гурӯҳҳое рӯи кор омаданд, ки аъмоли нопокашон ба амнияти инсоният, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекард ва ҷинояти содиркардаи онҳо сулҳи ҷаҳониро халалдор месохт. Ин ҳама ҷомеаи ҷаҳониро аз таҳдиди ҷиддӣ ҳушдор сохт ва СММ, кишварҳои абарқудрат мубориза бо ин вабои оламгирро ҳадафи афзалиятноки худ қарор дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ бо роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, дар ин самт асноди меъёрӣ ва ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст ва дар ин ҷода муваффақ низ ҳаст.

Худшиносӣ ин маърифати ҳастии хеш ва огаҳӣ аз манзалату ҷойгоҳи худ дар олам аст, ки онро 3 унсури муҳимми нажодӣ: миллат, забон ва фарҳанг ташкил медиҳанд ва шакли мураккаби худшиносӣ, яъне “худшиносии миллӣ”-ро падид оварданд. Худшиносӣ ва ҳувиятхоҳии миллӣ сароғози тамоми унсурҳои ташаккулбахши миллат унвон ёфта, сипаре дар муқобили падидаҳои мураккабу нопайдоканори раванди ҷаҳонӣ шудан шумурда мешаванд. Дар ҷаҳони имрӯза падидаи ҷаҳонӣ шудан ва вусъати муборизаҳои мафкураӣ худшиносӣ, тафаккур, шуур ва ҳувияти миллиро зери таъсир қарор дода, боиси дар ҷомеа ба миён омадани буҳронҳои шадиди фарҳангӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва эътиқодӣ гардидааст. Раҳоӣ аз ин буҳронҳо тақвияти тарбияи худшиносӣ ва шинохти асили ҳувияти миллиро талаб мекунад. Расидан ба худшиносиву худогоҳии миллӣ бидуни рӯ овардан ба омӯзиш, парвариш, эҳёву гиромидошти таъриху фарҳангу тамаддуни оламгири миллат, суннату анъанаҳои гузаштагон ва ифтихороти давлатдорӣ имконпазир нест. Зеро суннат ва анъанаи нек интиқолдиҳандаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангии як насл ба насли дигар буда, таъминкунандаи устувории фарҳанг аст. Мавлоно дуруст фармудааст, ки: “Ҳеҷ илме шарифтар аз илми худшиносӣ нест”. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ҳар қадами хешро дар такя бар аслу асолат ва ҳувияти миллӣ, арзишҳо ва суннату анъанаҳои муқаддаси миллат бардорем ва бо ин роҳ худ намунаи олии пайравӣ барои насли нав гардем.

Коргари кафедра физикаи умумӣ ва

ҷисмҳои сахт Алимбекова М.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ