​ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ САБАБГОРИ МАҲДУДИЯТ ДАР ПЕШРАФТ АСТ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид кардаанд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд. Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд».

Бояд гуфт, ки терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта, муборизабарӣ ва маҳкумкунии он барои ҳар як аҳли ҷомеа қарз ва ҳам фарз буда, чун вабои аср ба оромӣ ва сулҳу суботи давлат таҳдид меоварад. Ба ҳамагон маълум аст, ки пешрафту тараққиёти давлат аз амнияти иҷтимоӣ пурра вобаста буда, то он вацте, ки дар давлат сулҳу субот ҳукмфармо набошад, ба ягон пешравию тараққиёт ноил гардидан имконнопазир аст.

Акнун фикру ақидаҳои олимон, кормандони соҳаҳои гуногун, коршиносони ватанӣ вобаста ба мафҳумҳои марбут ба мавзуъ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад:

Мафҳуми «терроризм», «террорист», «экстремизм» ва «экстремист» аз нигоҳи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон О.М.Давлатов ва Н.Ҳ.Сайдалиев чунин оварда шудааст: ««Терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми ғаразноку нопоки худро тавасути зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ва бо дигар роҳҳо амалӣ созанд. Айнӣ замон дар байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табии, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Экстремизм бошад – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд».

А.С.Иззатуллоев оид ба мафҳумҳои «терроризм» ва «экстремизм» чунин гуфтааст:«Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд».

Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «мақсадҳои терроризм» чунин шарҳ дода шудааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлуқа овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист».

Қодирӣ А.Ҳ. омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи ДДҲБСТ ба он назар аст, ки «Фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Саидзода Д.М. қайд кардааст, ки: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат алайҳи экстремизм ва терроризм нақши муассир дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси конститутсия иштирокчии тамоми конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва қарордоҳои байналмилалӣ дар ҷодаи мубориза бо экстремизмва терроризм буда, дар заминаи конвенсияҳои байналхалқӣ як қаттор чораҳои фаврие зидди таълимотҳои гурӯҳҳои террористӣ қабул намудааст. Адабиёт, илм, фарҳанг, зеҳният, афкори маънавии ҷомеа ва инсон, ҳуқуқу озодиҳои он объекти бо қонунгузориҳои Тоҷикистон ҳифзшаванда маҳсуб меёбад».

Бо фикру ақидаҳои баённамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баррасии мафҳумҳои марбут ба мавзуъ хулоса карда мешавад: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна неруҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд...Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад».

Имрӯз терроризму экстремизм хатари ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад, чун ба оқибатҳои фоҷиавӣ ва харобиҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва маънавӣ оварда мерасонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли дигар давлатҳо бар зидди пешгирии терроризму экстремизм мубориза мебарад ва аз самтҳои муҳим ва асосии фаъолияти сиёсати дохиливу хориҷӣ ҳисобида мешавад ва нисбат ба масъалаи мазкур бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба корҳои номатлуб корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад, аз ҷумла санадҳои байналмилалии Стратегияи глобалии Созмони миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он қабул гардида, аз рӯйи он фаъолият намуда, муборизаи муштарак бурда мешавад.

Стратегияи глобалии Созмони миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди терроризм бо мақсади таҳкимбахшии муносибатҳои байналмилалӣ, васеънамоии заминаҳои ҳуқуқӣ, тақвиятбахшии ҳамкориҳои бисёрҷониба ва ғайраҳо қабул гардааст. Бояд гуфт, ки ягон давлати дунё дар танҳоӣ бо ин «вабои аср» мубориза бурда наметавонанд, танҳо ҳангоми ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо ба роҳ мондани муколамаи сиёсӣ, муборизаҳои дастачаъмона имконпазир аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид кардаанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Дар Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлати пешсаф оид ба маҳкумкунии амалҳои террористӣ ба ҳисоб меравад. Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, шомилшавии ҷавонон ба терроризму экстремизм бениҳоят бисёр аст, ки он сабабҳои муайян дорад. Яке аз сабабҳои он, ин ноогоҳ будан, боварӣ кардан, бесавод будан, дур аз ҷамъият будан, бемавқеъ буданмебошад.

Аз ҳамин лиҳоз, мо омӯзгоронро зарур аст, ки насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, меҳнатдӯстиву фидокорӣ, расидан ба қадри истиқлоли давлатдории миллӣ, даркнамоии арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдорӣ тарбият намоем.

Ҷавононро аз ин падидаҳои номатлуб дур гирем, барои шомил нашудан ба гуруҳҳои террористию ифротгароӣ роҳ надиҳем, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ, рушди босуботи мамлакатамон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Бо мақсади пешгирии шомилшавии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии олӣ низ корҳои фаҳмондадиҳӣ бомаром идома дошта, аз тарафи кафедраву факултетҳо корҳои омӯзишӣ, ташкили чорабиниҳо, доир намудани соатҳои тарбиявӣ, ташкил намудани мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ монанди инҳо чорабиниҳои тарбиявӣ ба нақша гирифта шуда, мувофиқи нақшаи тасдиқшуда давра ба давра чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шуданд, ки ҳамаи онҳо мувофиқ ба талабот буда, дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.

Аз қадимулайём, ки халқи тоҷик, ки худ халқи бонангу номус, ватандору ватанпараст мебошад, имрӯз низ мардуми шарафманди мо ифротгароӣ ва терроризмромаҳкум менамояд. Мо имрӯз шукрона мекунем, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату тифоқ умр ба сар мебарем.

Алиева Мунзифахон,

дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими факултети

санъати тасвирӣ ва дизайни Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ