​ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Эмомалӣ Раҳмон

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин хатари ҷиддии экстремизм, терроризм, радикализм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарсоз мебошад, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тули таърих ҳамроҳӣ намуданд. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гуруҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехосатанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сисёсӣ гарифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва техналогияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин қайд намуданд, ки «…имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд».

Бо роҳи ғайриқонунии зӯрию даҳшатафканӣ тарсондан ва пахш кардани рақибони сиёсӣ терроризм аст. Маҳз созмонҳои экстремистӣ бавуҷуд оварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсадҳою ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Бо максади решакан намудани терроризм 16 ноябри соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» кабул карда шуд. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.

Тибқи ин қонун, «терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони вокеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад».

Баъди ба зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Гурӯҳҳои террористии ал-қоида, ДОИШ, ҳизби таҳрир, бародарони мусулмон, ҷунбиши Толибон, ҳаракати исломии Ӯзбекистон, равияи Салафия, ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвону-л-муслимин, ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, ҷамоати муҷоҳидини Осиёи Марказӣ, аш-Шабоб, Ансоруллоҳ номгӯи нопурраи ҳаракатҳои террористӣ мебошанд.

Экстремизм - ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани он нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Инчунин, соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солои 2016-2020» тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералиро вазифадор карданд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.

Баъд аз амалиёти террористии 11-сентябри соли 2001 ва амалиётҳои дигар, ки ба номи Усома бини Лодан пайванд дода мешавад, дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст ва аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.

Бояд қайд намуд, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо конференсияи байналмиллалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо иштироки 48 кишвари дунё ва 31 созмони байналмиллалию минтақавӣ баргузор гардид, ки роҳҳои ҳалли пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд, ки ин иқдом низ шаҳодат аз тадбирҳои пайвастаи андешидашудаи ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм мебошад.

Имрӯзҳо масъалаи «муносибати ислом ба терроризм» масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оиди ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёда баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ доир бамасоили мазкур чунин ибрози ақида намуданд: «Пайравони созмонои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқа андозиву барангехтани низоъҳоидиниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бархӯрди ақидаҳои динии бегона бо исломи суннатӣ дар солҳои охир бараъло эҳсос мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: «Таъкид месозем, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».

Инчунин Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, кифаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хуруфотпарастӣ яке аз омилҳои асосиихатарсо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.

Мо муътақидем, ки ифротгароӣ ва терроризм динӣ буда наметавонад, балки терроризм ва ифротгароие мавҷуд буда метавонанд, ки шиорҳои диниро ҳамчун ниқоб истифода мекунанд.

Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, баъзе қувваҳои дохилию берунӣ мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанро, ки Тоҷикистон ном дорад ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем, онро пос дорем ва ба қадри ин неъмати бебаҳою муқаддас бирасем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро дар ҳамин руҳия тарбия намоем, ки онҳо оянда номбардор ва ҳифзкунандаи ин миллат ва арзишҳои олии он гарданд.

Шарипова Моҳира,

омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии

фарҳангшиносии Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ