ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТЕРИМИЗМ - ТАҲДИД БА АМНИЯТИ КИШВАР, МИНТАҚА ВА ҶАҲОН
Дар шароити муосири ҷаҳон, ки таҳдидҳои амниятӣ ҳамеша дар ҳоли таҳаввул ва густаришанд, муқовимат ба экстремизм ва терроризм яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатҳо ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, аз ин хатарҳо дар канор намебошад. Бо дарназардошти вазъияти геополитикӣ, наздикӣ ба минтақаҳои ноором ва афзоиши фаъолияти созмонҳои экстремистӣ, Тоҷикистон сиёсати мушаххас ва ҳамоҳангшударо барои ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа пеш гирифтааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамчун як санадҳои муҳими стратегӣ қабул гардид, ки ҳадаф ва вазифаҳои давлатро дар ин самт муайян мекунад.Ин Стратегия идомаи мантиқии талошҳои қаблии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм аст, ки дар доираи Стратегияи миллии солҳои 2016-2020 оғоз шуда буд. Он бо мақсади муттаҳидсозии неруҳои мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ таҳия шуда, ба таҳкими субот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз радикализатсия нигаронида шудааст. Стратегия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, № 1655 ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808, инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла риояи муқаррароти Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ 8 сентябри соли 2006, таҳия гардидааст.
Экстремизм – ин ҷаҳонбинӣ ва шакли мафкураест, ки ҷанбаъҳои қавии идеологӣ дорад. Экстремизм ҳолати зеҳнию равониест, ки бо андешаҳои солим ва ба афкори ҷамъиятӣ дар муҳити фикрии ҷомеа мухолифати оштинопазир дорад, ки он ба амнияти зеҳнӣ, амнияти миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва суботи сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонад. Асоси фаъолияти экстремизмро радикализм ташкил медиҳад. Экстремизм ба ақидаҳои шадиди радикалӣ асос ёфта, бар зидди ниҳодҳои мавҷудаи давлат ва ҷомеа равона гардидааст. Терроризм бошад, дараҷаи амалии зоҳиршавии экстремизм буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлоли сиёсӣ, мавҷудияти давлату миллатҳо ва дар маҷмуъ аз байн бурдани низоми амнияти миллию минтақавиро ҳадафи хеш қарор медиҳад.Мутаассифона, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ низ ба дастовардҳои нави илмию техникӣ, интернет ва технологияҳои итиллоотиву коммуникатсионӣ дастрасӣ пайдо намудаанд. Ин ҳолат табиату моҳияти падидаҳои мазкурро дигаргун сохтааст. Махсусан технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, барои паҳну густариши андешаҳои ифротӣ ва идеологияи экстремизм ва ҷалби аъзоёни нав заминаи мусоид фароҳам овардаанд.Ҳамчунин воқеиятҳои сифатан нави илмию техникӣ дар баробари афзалиятҳои худ ба табиату моҳият ва сатҳи зоҳиршавии терроризм низ таъсири ҳамаҷониба расонида, амалиётҳои тахрибкориро на танҳо дар амалияи ҷамъиятӣ, балки дар фазои маҷозӣ ба роҳ монда, системаҳои соҳавиро ҳадаф карор дода, раванди рушди бомароми кишварҳоро халалдор менамоянд. Дар ин замина, баррасии амнияти кибернетикӣ, таҳдидҳои кибернетикӣ, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар ҷиноятҳое, ки дар натиҷаи рушди бемайлони илму техника пайдо гардидаанд, ба миён омадааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ, таҳдиду хатарҳои афзояндаи радикалӣ, экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ, ҷамъиятӣ ва шахсии шаҳрвандони худ эҳсос менамояд. Бидуни шак дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шудани кишвар натиҷаи фаъолияти экстремистию террористии гуруҳҳои алоҳида буд, ки онҳо ҳамчун абзори геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии доираҳои махсус фаъолияти сиёсию илмӣ ва фарҳангию низомӣ менамуданд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандона, сулҳчӯёна ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз вартаи нестӣ ва буҳрони сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ наҷот ёфта, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намояд. Тоҷикистон ҳамчун як давлати минтақаи Осиёи Марказӣ, бо таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм рӯбарӯ аст, ки аз хусусиятҳои мураккаби ҷуғрофиёӣ ва сиёсии минтақа сарчашма мегиранд. Тибқи Стратегия таҳдидҳои террористӣ дар солҳои охир шакл ва усулҳои нав пайдо карда, ҷуғрофия ва миқёси онҳо васеъ шудааст. Яке аз хатарҳои асосӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз минтақаҳои ҷангии Сурия ва Ироқ ба дигар минтақаҳо, аз ҷумла Афғонистон аст, ки дар он созмони террористии «Давлати Исломӣ» мавқеи худро мустаҳкам карда истодааст. Ин вазъият барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудаанд, бо ин гуна сохторҳо робитаҳои устувор дошта, манбаъҳои молиявӣ ва таҷрибаи муборизаи диверсионӣ-террористӣ дар ихтиёр доранд. Онҳо фаъолона бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ таблиғот мебаранд, ки ин яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир аст. Инчунин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои гуногун, аз қабили паҳншавии ғояҳои экстремистӣ тавассути интернет, наздикии ҷуғрофӣ ба минтақаҳои ноором ва таъсири созмонҳои радикалӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа, ба афзоиши хатарҳои экстремизм мусоидат мекунанд.Дар солҳои охир дар Тоҷикистон чандин ҳамлаҳои террористӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қурбониҳои инсонӣ ба бор оварданд. Ин ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, хатарҳо ҳамчунон мавҷуданд ва зарурати таҳияи стратегияи навро тақозо мекунанд. Дар асоси ин Стратегия омилҳои мусоидаткунанда ба экстремизм инҳоянд: сатҳи нокифояи маърифати динӣ, мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, камбудиҳо дар кори муассисаҳои ислоҳӣ ва истифодаи нокифояи имкониятҳои ВАО барои муқовимат бо таблиғи экстремистӣ.
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 нахустин қадами ҷиддии давлат дар роҳи муқовимат бо ин хатарҳо буд. Ин санад заминаи мустаҳкамеро барои сиёсати давлатӣ дар ин самт фароҳам овард ва натиҷаҳои он дар Стратегияи нав ба таври муфассал таҳлил шудаанд. Яке аз дастовардҳои муҳим ин ташкили ҳамкории наздик байни мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунии деҳот, ҷамоатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Ин ҳамкорӣ имкон дод, ки чораҳои пешгирикунанда дар сатҳи маҳаллӣ самаранок амалӣ шаванд. Дар доираи татбиқи Стратегияи қаблӣ, корҳои густурдаи иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ анҷом дода шуданд. Китобу маводҳои иттилоотӣ нашр гардиданд, ки ба мардум дар шинохти хатарҳои экстремизм ва терроризм кумак карданд. Ҳамчунин, таҳқиқоти илмӣ оид ба сабабҳо ва омилҳои радикализатсия аз ҷониби муассисаҳои илмии миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гузаронида шуд, ки ба таҳияи чораҳои мушаххас мусоидат намуд. Дар баробари ин, дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ фанҳое ворид карда шуданд, ки таърихи дин, сабабҳои пайдоиши низоъҳои сиёсӣ ва динӣ ва усулҳои муқовимат ба экстремизмро меомӯзонанд.
Дар самти пешгирии радикализатсия миёни ҷавонон низ пешрафтҳои назаррас ба даст омаданд. Аз соли 2016 то миёнаи соли 2020 дар кишвар 1155 иншооти варзишӣ, аз қабили маҷмааҳои варзишӣ, майдонҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ сохта шуданд, ки барои фароғати солим ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти иҷтимоӣ мусоидат карданд. Ин иқдом бо харҷи 637,7 миллион сомонӣ амалӣ гардид ва яке аз омилҳои коҳиши радикализатсия дар байни ҷавонон шуд. Дар соҳаи иқтисод низ чораҳои муҳим андешида шуданд. Дар доираи мубориза бо киберэкстремизм дар сохтори Прокуратураи Генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуъбаҳои махсус таъсис дода шуданд, ки ба ҷиноятҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ муқобилат мекунанд. Ҳамчунин, барои пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ, усулҳои пешгирикунанда такмил дода шуданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020 ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ низ дар ин раванд нақши муҳим бозиданд. Яке аз дастовардҳои муҳими инсондӯстонаи Стратегияи қаблӣ бозгардони беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 84 кӯдаки ноболиғ аз минтақаҳои ҷангии Сурия ва Ироқ буд. Ба онҳо кумакҳои моддӣ, равонӣ ва шароит барои мутобиқшавӣ ба ҳаёти муқаррарӣ фароҳам оварда шуд. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар низоъҳои хориҷӣ даст кашида ба Ватан баргаштанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шуданд, ки ин нишонаи сиёсати башардӯстона ва ҳамзамон устувори давлат аст. Ин дастовардҳо сатҳи радикализатсияро дар ҷомеа коҳиш дода, ба таҳкими субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва созиши байниконфессионалӣ мусоидат карданд.
Ғ.Н.Ҷаборов, М.Акрамов,
дотсентони кафедраи молия ва андози
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»