​Терроризм низоми босуботи ҷомеаи ҷаҳониро вайрон менамояд

“Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”

Эмомалӣ Раҳмон.

Имрӯз паёмадҳои экстремизм-терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, бевосита дар раванди таҳдидҳо ва бо роҳи зӯроварӣ, қатлу куштори одамони касбу кори гуногун сурат гирифта, ба ҷинояти мудҳиши байналмилалӣ табдил ёфта, ба амният ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид менамояд.

Терроризм- экстремизм ҳамчун ҷинояти трансмиллӣ миллӣ ба шумор рафта, он ба фалаҷ гаштани ҳокимияти сиёсӣ, сохти давлатдории кишварҳои сайёра мусоидат менамояд.Мутаассифона дунёро зиёда аз 200 намуд ҳаракатҳои террористӣ ба ташвиш оварда, ҷомеаи ҷаҳони муқобили ин зуҳуроти номатлуб ҳамаҷониба мубориза бурда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми Созмони Конфронси исломӣ, дар шаҳри Маккаи Аморати муттаҳидаи Араб (7-уми декабри соли 2005) қайд намуданд, ки “террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд”

Терроризм аксар вақт ба эҷоди тарсу ҳарос ва бесуботӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст, ақидаҳои ифротгароӣ радикалиро дар бар гирифта, бо роҳҳои ғайриқонуни тағйир додани тартиботи муқарраршударо дар худ мансуб медонад.

Мубориза бар зидди ин зуҳурот муносибати дастаҷамъиро аз ҷумла табирҳои пешгирӣ ҳамкории давлатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин мустаҳкам намудани қонунгузорӣ ва ҳамкории байналмилалиро тақозо менамояд.

Дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва мубориза бурдан зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти густурдаи табақаҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инн бобат қадамҳои устувор гузошта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт ҳамақида мебошад.

Қабули қонун, фармон ва санадҳои ҳуқуқӣ аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм” аз 21-уми апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм барои солҳои 2000-2003, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст.

Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021 №187 тасдиқ шудааст, қабул гардидаанд, ки барои муборизаи оштинопазир бурда, истодааст нишонаи бетараф набудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи СММ ва СҲШ қабул гардидаанд, мавридитасдиқ қарор дода, байни давлатҳои ИДМ, СААД, СҲШ дар ҷабҳаи аввали мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қарор дорад.

Таъсиси сохтори зидди террористӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2004 ба Тоҷикистон имконият дод, ки муборизаро бо терроризм ва экстремизм боз ҳам пурқувват гардад.

Дар ҳақиқат, терроризм ва экстремизм имрўз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маблағгузории кирдорҳои террористӣ ва экстремистидошта қонуни махсус “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории

терроризм” қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.

Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбат ба ин гуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад. Ифротгароӣ ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар мегузорад.

Чунин вазъият ҷомеаи оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ мубориза баранд, вагарна ин падидаи номатлубро решакан намудан номумкин аст. Имрўз мубориза зидди ифротгароӣ ва терроризм ба муборизаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзўр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар самти худ субъектҳои пешбарандаи мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб буда, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас доранд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Амалҳои террористӣ ин пеш аз ҳама, ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор сохтан аст. Ин кирдори носазои дар ин ё он гўшаи олам содиршуда моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ин амали ношоиста бетараф набошем. Бар зидди ин амали номатлуб муборизаи беамон барем, то ҳаётамон тинҷу осуда бигзарад, давлатамон ором бошад ва мардумаш зиндагии арзандаро пеш баранд.

Ба қадри неъмате чун Истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Азимова М., устоди

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ