​Терроризм, экстримизм, радикализм ва хатарҳои он ба амнияту суботи кишвар

Дар ибтидои асри XXI, яъне ҳазорсолаи сеюм олами ислом дар садади тағйироти ҷиддии таъсири равандҳои глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) қарор гирифт. Дар ин марҳала ташкилот ва ҳаракату марказҳои динӣ, ки танҳо дар минтақаҳо ва барои ҷомеаҳои муайян фаъолият мебурданд, тавсиа ёфта, барои фаъолият бурдан дар сатҳи байналхалқию ҷаҳонӣ имконият пайдо карданд.

Рушд кардани раванди прогрессивӣ-либералӣ дар дини ислом ва ё ба ҷараёни бунёдгаронаи иртиҷоӣ табдил гардидани он ҳам ба равандҳои ҷаҳонишавӣ вобаста аст. Дар чоряки охирини асри ХХ ба қадри кофӣ нақши дин дар ҳаёти ҷамъиятии мусулмонони ҷаҳон устувор гашта, тағйироти азими иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар навбати худ, дар ҳаёти рўҳонии ҷамъият инъикос ёфтанд.

Терроризм дар замони ҳозира яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии глобалӣ ба шумор меравад. Мавҷудияти терроризм аз паси худ қурбоншавии аҳолиро мебарад, инчунин арзишҳои моддӣ-фарҳангӣ маданиятӣ вайрон мешаванд, ки азнавсозии онҳо асрҳо давом мекунад. Терроризм байни гурўҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ кина ва нобовариро пайдо месозад. Актҳои террористӣ ба зарурияти ташкили системаи байналхалқии мубориза бар зидди он оварда расонид. Барои баъзе одамон, гурўҳҳо, ташкилотҳо терроризм роҳи ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, динӣ ва миллӣ гардидааст. Терроризм ба он намуди зўрии ҷиноятӣ дохил мешавад, ки қурбони он мардуми бегуноҳ ё шахсе мешавад, ки ягон хел муносибат ба низоъ надорад.

Терорризм ҳамчун масъалаи глобалӣ диққати махсус ва омўзишро талаб мекунад ва бинобар ин соҳаи васеъро барои тадқиқот пешниҳод менамояд.

Мақсади таҳқиқ, омўзиш ва таҳлили табиати терроризм, оқибатҳои манфии он дар тараққиёти хоҷагии ҷаҳонӣ, омўзиши таъсири терроризм ба низоъҳои байналхалқӣ ва миллӣ, инчунин ҳолати муосири мубориза бар зидди терроризм мебошад.

Дар замони мо терроризм яке аз унсурҳои вайронкунандаи ҷинояткорӣ барои давлат ва ҷамъият мебошад. Терроризм ба ҷараёни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, равонӣ - рўҳӣ таъсири худро мерасонад.

Терроризми муосир дорои имконияти бузурги молиявӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки онро на давлат ва на ҷамъият назорат карда наметавонад. Он системаи дохилии идоракуниро дорад, ки муқобили давлат барои ба манфиати худ ноил шудан мубориза мебарад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ террористон сиёсати молиявиро истифода мебаранд, ки он аз амалиётҳои ҷиноятӣ, ба монанди фурўши маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва ғайраҳо иборат аст.

Дар таърих терроризм ҳамчун воситаи муборизаи сиёсӣ дар ҳаёти дунявӣ ва динӣ зиёд ба назар мерасад. Таърих шоҳиди қатли рақиб аз тарафи рақиб аст, ки баъди он каллаи қатлшударо ба маърази тамошо барои тарсонидани омма мегузоштанд.

Барои шахсияти террорист ҳиссиёти ҷаҳони негативӣ хатарнок аст, ки дар натиҷаи таъсири як қатор омилҳо ба амал меояд. Аввал ба он номувофиқоӣ байни тарзи модели идеалии ҷаҳон асли дохил мешавад. Ин тазод дар ниҳоят барои шахсияти террорист ҳолати «Ман - хуб, ҷаҳон - бад» - ро характернок менамояд. Ин ҳолат ба худмуҳофизати рўҳӣ оварда мерасонад.

Ҳамин тавр, шахсияти террорист табиати худамалкунии деструктивиро қабул менамояд ва бо воситаи радкунӣ фикри нав дар консепсияи боварӣ ба ҳақиқати худ тавлид менамояд.

Мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ, экстремизму ифротгароии динӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор (наркотрафик), ҷинояткории муташаккил аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналхалқӣ дар ин самт саъю талош намуда, корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.

Имрўзҳо экстремизм дар қиёфаи мухталиф намоён мегардад. Шакли оддиву оммавии он экстремизми иҷтимоӣ мебошад, шакли хавфноки он – экстремизми сиёсист. Экстремизми динӣ бошад, ҳам ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳам ҷанбаи хавфноки сиёсӣ дорад. Инро воқеа ва ҳодисаҳои дар як қатор давлатҳои ҷаҳон рухдода собит мекунанд. Гурўҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ бо номҳои гуногун: «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Акромия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Ҳаракати толибон» ва ғайра андешаву амалҳои вайронкоронаи экстремистии хешро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Чанд соли охир дар мамлакатҳои мусулмоннишини Шарқи Наздик ташкилоти экстремистии ғайриқонунии ба ном Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) зуҳур намуда, ба хунрезиҳои зиёд, муҳоҷирати иҷбории аҳолии зиёд сабаб гардид. ДИИШ сараввал дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳамчун гурўҳи созмони террористии «ал-Қоида» пайдо шуда, сипас ба сифати ташкилоти мустақил ба фаъолият пардохтааст. Фаъолияти ДИИШ собит мекунад, ки экстремизм то кадом андоза нооромӣ, марг, офату харобиро ба бор меоварад.

Солҳои охир дар саросари ҷаҳон зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм, радикализм ва дигар равияҳо зиёд гардида, ҷомеаи ҷаҳониро таҳти таҳдид ва нооромӣ қарор додаанд. Ташвишовар он аст, ки дар ин раванди номатлуб ба сифати аслиҳаи асосӣ ҷавонон, ки ҷисман тавонову зеҳнан камтаҷриба мебошанд, мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Терроризми байналхалқӣ яке аз муаммои ҳалталаби танҳо кишвари мост, балки тамоми ҷаҳон мебошад. Пуршиддат гаштани масъалаҳои глобалии терроризми байналхалқӣ дар арафаи асри XXI яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи давраи нави тараққиёти ҷамъияти ҷаҳонӣ гардид.

Имрўз аҳли ҷаҳониён аз фаъолияти ин ташкилоти террористӣ хеле дар ташвиш ҳастанд. Дар таркиби ин ташкилот ҷавонони роҳгумзадаи бисёр мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, фаъол иштирок мекунанд, ки ин барои ҷамъияти мо нафақат ташвишовар аст, балки хавфнок мебошад. Он рўзҳоро, ки дар солҳои аввали Истиқлолият мардуми Тоҷикистон аз сар гузарондааст, имрўз фаромўш накардан лозим аст. Хатогиҳое, ки ҷамъиятро ба ҷанги бародаркушӣ овард, имрўз шиорҳои диниро баҳона карда боз такрор кардан лозим нест. Дар Ватани азизамон вақти он расидааст, ки ҷавонон ба ҷои ба даст яроқ гирифта дасти поки худро ба хунрезиҳо зада гунаҳкор шудан, қувваи худро ба роҳи созандагӣ, инкишофи ҷамъият сарф намояд. Мо мехостем, ки имрўзҳо ҳар як аъзои ҷамъият, хусусан аҳли зиё, ба ин масъала беэътибор ва бетараф набошанд, зеро чӣ хеле ки дар Паёми Президентамон таъкид карда мешавад: «... мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд.». Ин кор хеле масъулиятталаб ва мураккаб мебошад, имрўз аҳли зиё онро мардонавор ба зимма гирифта, бошарафона иҷро намуданаш фарз ва қарз мебошад.

Ашрапов Б.П., н.и.ф., муаллими калони кафедраи забони англисии

факултети забонҳои шарқ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ