ТЕРРОРИСТ - БАРОДАРИ ИБЛИС

Ҷомеаи мусалмонтабор тибқи меъёрҳои шариати исломӣ баҳри пешбурди арзишҳои олии инсонӣ мекӯшад. Дар ин ҷараён рух додани баъзе нокомию нуқсонҳоро марбут ба ҳаракату амалҳои нопоки шайтони малъун мансуб медонанду алоқадри ҳол аз Иблисириёкор, ки ҳамеша баҳри фирефтани мусалмон макру ҳила мебараду баъзан муваффақ ҳам мешавад, ғофил набуданро зарур мешуморанд. Ғалабаи Иблиси бадзотро дар зуҳуроти падидаи номатлуби замони муосир – амалу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ метавон мушоҳида кард, ки иддае аз нохолафони даврони муосирро фаро гирифтааст.

Ба аҳли зиё ва қишри фаъоли ҷомеа хеле хуб аён гардидааст, ки таъсису маблағгузории ташкилотҳои кӯчаку бузурги террористиву экстремистӣ маҳсули ғояҳои тӯдае аз сармоядорон мебошад, ки мақсади ниҳони онҳо тавассути пайдоиши зиддиятҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа сарнагун кардани ҳокимияти қонунӣ бо ивази сарваре аз нафари гапдарои худӣ аст. Саволе бармеояд, ки сармоядорон аз маблағгузории террористон чӣ нафъ мебинанд? Маҳз манфиатҳои иқтисодӣ бо чандинкарата бештар баргардонидани маблағҳои харҷшуда ҳадафи сармоядорони палид маҳсуб меёбад!

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки чунин амалҳои разилон ҷиҳати ноором сохтани ҷомеаи давлатҳои мустақил беш аз ҳазорсолаҳо инҷониб амалӣ шуда истодаанд. Ҳатто сарзании ҷанги якуми ҷаҳон, давоми солҳои 1914-1918 дар натиҷаи амали террористӣ кушта шудани шоҳ Фердинанд ба вуқӯъ пайвастааст, ки шаҳодати иблиссифатии ташкилотҳои террористию экстремистӣ мебошад. Бинобар ин, ҳамаи давлатҳо алалхусус қишри бофарҳанги ҷомеа мебояд доимо ҳушёру зирак бошанд ва барои муқовимати самарбор ба террористон кӯшида бошанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрӯза, ки аз низоъю ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, маҳз бо шарофати талошҳои пайвастаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳоӣ ёфтаву ба сарзамини хуррам, ободу сарсабз, орому осуда, майл ба рушди устувор мубаддал гардидааст. Аммо, алҳол яке аз давлатҳоест, ки ба таҳдиди терроризму экстремизм осебпазир боқӣ мемонад. Зеро, бо ҳукми тақдир дар давлати ҳамсояамон – Афғонистон беш аз 45 сол инҷониб орому осудагӣ қарор наёфтаасту макони паноҳёбии ташкилотҳои гуногуни террористӣ шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон наздик ҳазору панҷсад километр ҳаммарз асту нохалафони дар ҳамсоякишвар маскунёфта доимо тарҳрезии табаддулоти давлатӣ дар Ватани азизамонро пеша доранд. Аз ин лиҳоз, ҳар як тоҷикистонии боорияту номуси ватандорӣ доштаро мебояд ҳамеша аз амалҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ огоҳ бошад ва баҳри муқовимати шадид ба амалҳои манфуронаи кушторхоҳони ифротгаро омода бошад.

Омӯзишу мушоҳидаҳои тӯлонӣ исбот менамоянд, ки терроризм дар заминаи «мағзшӯй» – и ҷавонон, ҳавасмандгардонӣ бо маблағ, таҳдиду фишор ба руҳонияти фард, зӯроварӣ ба наздикон ва амалҳои амсоли онҳо нерӯ меёбад ва бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар аст. Чунки, дар ин манбаи иттилоотӣ қариб ягон маҳдудияте мавҷуд набуда фирефтани мафкураи осебпазири ҷавонон осонтар аст. Баъдан, шайтонсифатии ифротиёнро ҷавонони гумроҳшуда дар мактабҳои махсуси бо ном динӣ, дар асл ифротӣ таълим мегиранду аллакай канда аз оилаву пайвандон, Ватани маҳбуб ва чун «зомбӣ», «робот» мешаванд. Ин тоифа аллакай палидонанд, ки метавонанд бо сухану маблағ мафкураи дигаронро олуда созанд. Бинобар ин, муқовимат бо терроризм, нафарони террористи ба доми Иблис афтода кори хеле душвору ҷиддӣ, пайвастаю мунтазам асту саҳлангориву бефарқиро намепазирад ва аз фарди ватандӯст садоқату ҷасорат ва шуҷоатро металабад.

Хушбахтона, алҳол дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли биҳиштосо дарку эҳсоси хатарафзоии ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар сатҳи давлат ва қишри фаъоли ҷомеаи кишвар, алалхусус зиёиёни равшанзамир устуворона мавҷуд аст. Ҷараёни мутаасили муқовимат ба зуҳуроти терроризм ва экстремизм дар ҳамаи сатҳҳо идома ёфта истодаст. Вале, то ҳанӯз ҳолатҳои фирефта шудани ҷавонон ба ин иблисиён ба мушоҳида мерасад ва бештар ба нафарони дур аз хоки кишвар, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ дахлдор аст. Аз ҷониби дигар, ошкор ва дарёфти ин нафарон гувоҳӣ медиҳад, ки то ҳол фаъолияти ҳамарӯзаи муқовимати шадид бар зидди ифротиёни шайтонсифат натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Аз ин лиҳоз, таваққуф дар ин амал баробари он аст, ки тамоми амалҳои пешина барбод рафта бошад. Муҳимтарини амали самароварии ҷараёни муқовиматро ҳамоҳангсозии неруҳои созанда ташкил медиҳад, ки алҳол мутобиқ ба вазъи мавҷуда ва кофӣ намебошад.

Дар ин васила баҳри пурзӯр намудани сатҳи муқовимат бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм дар ҷомеа, хусусан қишри осебпазир – ҷавонони камтаҷриба пешниҳод менамоем, ки дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11), миёнаи махсус ва олии касбии кишвар гуруҳи махсуси муқовиматгарон дар теъдоди муайян таъсис дода шавад. Ба ин гуруҳи ҷавонони фаъолу содиқ ба Ватан тамоми маълумотҳо пешкаш ва роҳҳои самаровари муқовимат омӯзонида шаванд. Ба сифати омӯзгори ин гурӯҳҳо нафарони ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ дошта ва дорои маълумотҳои дақиқ, маҳорати баланди касбӣ, истеъдоди сухангуии дастрасу фаҳмо, хулоса соҳибкасбони варзидаро интихоб намудан мувофиқи мақсад мебошад. Баъдан, баъд аз муддати муайяни омӯзишу таълим ин нафарони омода ва мусаллаҳ бо донишҳои қавӣ дар байни ҳамсолони худ давоми суҳбатҳои хоса, аҳли оилаву пайвандон ва дигарон дастрасона роҳу усулҳои муқовимат ба ифротгаронро талқин диҳанд. Мебояд қайду таъкид кард, ки дар амалисозии пешниҳоди мазкур аз сохтакорӣ, расмиятҳои барзиёд, сахлангорӣ, канда – кандашавии ҷараён ва ҳолатҳои дигари ногувор худдорӣ кард, даст кашид ва набояд роҳ дод.

Дар акси ҳол бо машғули бюрократияю расмиятбозӣ натиҷаи дилхоҳ пайдо намегардаду баръакс сафи нафарони бепарвою бефарқ, «забон дигару кирдору рафтор дигар» ва амсоли онҳо бештар мешавад. Бинобар ин, боисрор даъват менамоям, ки ба Ватани азизу ягонаамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат кунем.


М.Собиров,

дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи

табиати факултети геоэкология ва туризм

И.Шарифхоҷаев,

муаллими кафедраи экология ва ҳифзи

табиати факултети геоэкология ва туризм

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ