​ТЕРОРИЗИМ ВА ЭКСТРЕМИЗИМ – АДУВИ БАШАРИЯТ

Бояд ҳадс зад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба мароҳили ҷадиди ташаккули таърихӣ ва бунёдии давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, демократ, ҳуқуқбунёд ва ягона гардид. Он барои ташаккули сулҳу субот ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ дар қаламрави худ гомҳои устувор гузошта истодааст.Чун ба таърихи начандон дури он нигариста шавад, ҳақиқатан Ҷумҳурии Тоҷикистон мароҳили душвореро паси сар намуда, ба ин давраи шукуфоии худ расидааст. Зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, парокандагии миллат, вайронаву валангориии қисмате аз ватан, ва садҳо дигар харобиҳои баъдиҷангӣ, ки ҳисоби он аз ҳадду ҳудуд берун рафта буд. Дар ин ҳолати бисёр душвор ва мушкилоти саросарӣ, миллати тоҷик боз чун аҷдодони гузаштаи худ бо иродаи қавӣ ва азми устувор барои бозсозӣ ва тармину таҷдиди ватани худ ақдоми росих гузошта, дар фурсати начандон зиёд вайронаҳоро ба гулистону бӯстон табдил дод.Ободии шаҳру деҳот, сарсабзии боғу роғ, роҳравҳову майодин аз ибтикорот ва созандагии халқу ватан ва миллати созандаи тоҷик дарак медиҳад.

Тавассути талошу кӯшишҳои ҳамешаи миллат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ватани онҳо ободу зебо гардида, давлати тоҷикон дар роҳи демократ, адолат ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Мавриди зикр аст, ки миллати тоҷик бояд он машаққату мушкилоте, ки дар роҳи ободу зебо гардонидани ватанро фаромуш накарда, ба ҳар гуна роҳу равиш ва андешаи ҳар нафари бедонишу камояро ба эътибор нагирад. Зеро дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроти зиёде мавҷуданд, ки на танҳо ба як нафар, як миллат, як минтақа, як кишвар ва ё як қитъа, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамаи мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Он яке аз зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавӣ ва хориҷ аз он яъне байналмилалӣ касб намуда, дар ҳар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон пайдо шуда, тамоюли паҳншавиро дорад, тероризим ва экстремизим ба ҳисоб меравад. Ин падида имрӯзу фардо ҳамчун хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мемонад, зеро он тавассути технологияи муосир зуд паҳн гашта, бо номҳои мухталиф вориди ҷомеаҳои гуногуни ҷаҳон гардида истодааст.

Бояд таъкид намуд, ки тероризим ин худ ифротгароӣ ва тундравӣ дар фикру андеша ва амал мебошад, ки дар ҷомеаи муосир падидаи нав буда, пайравони он дар содир кардани ҷиноятҳои бисёр вазнин, аз қабили қатлу куштори башарият, гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншооти мухталифи ҷамъиятӣ, рабудани молу амволи мардуми осоишта ва ғайраҳо марбут мебошад. Аммо экстремизм бошад, дар худ хасоили ҷудоихоҳӣ, иғвогароӣ ва фитнаангезиро дар худ ғунҷонидааст. Барои намуна метавон таъкид намуд, ки дар чанд соли охир садҳо ҳазор мардуми осоишта аз ҷумла занону кӯдакон ва куҳансолон қурбони амалҳои терористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо афроди дигар маъюубу корношоям гардиданд.

Ҳамин тавр, миллати тоҷик ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар халқу кишварҳои ҷаҳон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, талош менамояд, ки роҳи ин гуна равишҳои номутаносиб гирифта шавад.

Ҳомидиён Ҳикматшоҳ Комилӣ,

дотсенти кафедраи филологияи араби

факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ