​ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ВА НИЗОМИ ҲИФЗИ АМНИЯТ ДАР АСРИ ТАҲДИДҲОИ РАҚАМӢ

Дар асри рақамикунонӣ амният ба яке аз масъалаҳои меҳварии рушди давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Паҳншавии босуръати технологияҳои иттилоотӣ, шабакаҳои глобалӣ ва низомҳои рақамӣ, дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нав, заминаи зуҳури таҳдидҳои сифатан дигаргуншударо низ ба вуҷуд оварданд. Киберҷиноят, ҳамлаҳои иттилоотӣ, ихроҷи додаҳо, истифодаи ғайриқонунии зеҳни сунъӣ ва осебпазирии инфрасохторҳои рақамӣ имрӯз ба амнияти иттилоотӣ, суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо таъсир мерасонанд.

Дар чунин шароит, ташаккули низоми муассири ҳифзи амният бидуни истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ғайриимкон аст. Давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳандозии механизмҳои нави муҳофизат, аз ҷумла системаҳои мониторинги рақамӣ, платформаҳои таҳлили додаҳои бузург (big data), зеҳни сунъӣ, блокчейн ва системаҳои пешакӣ огоҳдиҳӣ рӯ овардаанд. Ин абзорҳо имкон медиҳанд, ки таҳдидҳо сари вақт ошкор, арзёбӣ ва пешгирӣ гарданд.

Мақолаи мазкур ба баррасии ҷойгоҳ ва нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ташаккули низоми муосири ҳифзи амният бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои вобаста ба муқобила бо таҳдидҳои рақамӣ, такмили инфрасохтори амнияти киберӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд. Бо такя ба маълумоти таҳлилӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ, мақола кӯшиш менамояд нишон диҳад, ки чӣ гуна ҳамгироии технология ва сиёсати амниятӣ метавонад заминаи устувори муқобила бо таҳдидҳои асри рақамиро фароҳам оварад.Яке аз чунин усулҳо истифодаи Big Data мебошад. Big Data як истилоҳ барои маҷмуи додаҳоест, ки он қадар калонанд, ки барои таҳлил ва фаҳмидани онҳо асбобҳои махсусро талаб мекунанд. Бо истифода аз ин асбобҳо барои таҳлили маҷмуи додаҳои калон, ҳукуматҳо метавонанд таҳдидҳо ва намунаҳои эҳтимолиро муайян кунанд, ки ба онҳо барои беҳтар омодагӣ ба рӯйдодҳои оянда кӯмак мекунанд. Масалан, таҳлили миқдори зиёди маълумот дар бораи рафтори муштариён метавонад ба мақомот дар ошкор кардани ҳолатҳои қаллобӣ ё ҷиноятҳои молиявӣ кӯмак расонад. Маълумоти калон инчунин метавонад барои пайгирии ҳаракати одамон ва объектҳо истифода шавад, ки ба ҳукуматҳо имкон медиҳад, ки фаъолияти шубҳанокро зуд ошкор кунанд.

Роҳи дигари мубориза бо таҳдидҳои муосир ин истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Зеҳни сунъӣ AI метавонад барои муайян кардани намунаҳо дар маълумот истифода шавад, ки метавонад хатар ё таҳдидро нишон диҳад. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ (AI) инчунин метавонанд барои пешгӯии рафтори ояндаи шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва ҳатто тамоми миллатҳо истифода шаванд. Ин қобилияти пешгӯӣ метавонад барои огоҳ кардани мақомот аз таҳдидҳои дарпешистода истифода шавад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки чораҳои пешгирикунанда андешанд.

Раванди ҷаҳонишавии муосир ва бадалшавии идеологияҳо як қатор таҳдидҳои муосиреро пешорӯи инсоният гузоштааст, ки ба амнияти сокинони сайёра хатари ҷиддӣ доранд. Феълан зери мафҳуми таҳдидҳои муосир зуҳуроти номатлуб – терроризму экстремизм дарк мешавад, ки ҳамакнун намову шакли дигар касб намуда, торафт хатару пайомадҳои вазнинтар мегузоранд.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Омилҳои торафт тавсеа ёфтани фаъолияти созмонҳои террористӣ ва шомилшавии сокинон ба ин гурӯҳҳо кам нест. Маъмулан паст будани сатҳи маърифат, дониши ҳуқуқӣ, сиёсӣ, камбизоатӣ аз сабабҳои асосии ифротишавии одамон унвон мешавад.

Дар шароити кунунӣ бо рушди технологияҳои муосир ва дастрас гардидани интернет ҳамакнун ҷалби одамон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ тариқи фазои маҷозӣ сурат мегирад. Ҷонибдорони ақидаҳои ифротӣ ҷиҳати расидан ба мақсаду ҳадафҳои нопоки хеш аз интернет васеъ истифода мебаранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, зикр доштанд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Мувофиқи маълумоти сомонаи We are social соли 2022 дар саросари ҷаҳон аз интернет беш аз 5 миллиард нафар истифода бурдааанд, ки 63 фоизи тамоми одамони рӯи заминро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли 2021 ин нишондиҳанда 4% афзудааст. Теъдоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳода, беш аз 10%, яъне ба 4,62 миллиард нафар ё 58,4%-и аҳолии ҷаҳон баробар шудааст.

Интернет дастоварди муҳимми технологии ҷомеаи муосир ба шумор меравад, ки афзалиятҳои зиёд дорад. Корбарон аз ин фазо бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд. Интернет имрӯз ба воситаи:

  • дарёфти маълумот
  • ба даст овардани маблағ
  • фароғат
  • муошират
  • баланд бардоштани сатҳи дониш
  • хариду фурӯш, яъне савдо табдил ёфтааст.
  • Чаро ман бояд ба ин гуфтаҳо бовар кунам?
  • Чаро гӯяндаи иттилоъ мехоҳад, ки ман аз ин маълумот бохабар бошам?
  • Дар ин бора дар манбаъҳои дигар чи гуна маълумот мавҷуд аст?
  • Барои посух додан ба суолҳои қаблӣ пурра омода ҳастам?

Новобаста аз он ки афзалиятҳои интернет зиёд аст, хатар ва таҳдидҳои ин фазо низ барои истифодабарандагон кам нест. Бахусус, дар шароити феълӣ, ки ин платформаи онлайнӣ бо мақсадҳои ғаразнок ба таври васеъ истифода мешавад, истифодаи он фарҳанг ва маърифати баландро тақозо мекунад.

Асри 21 – ро асри иттилоот ном мебаранд. Дар раванди ҷаҳонишавии муосир иттилоот торафт аҳамият ва мавқеи баландро соҳиб мешавад. Ҳам акнун татбиқи мақоли машҳури “Ҳар касе дар даст иттилоъ дорад, ҷаҳонро идора мекунад” беш аз пеш эҳсос мегардад.

Пахши ахбор агар дирӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, маҳсулоти тиҷоратӣ, дастоварду пирӯзиҳо, ихтироъкориҳои инсон ва зебоиҳои табиат ба роҳ монда мешуд, имрӯз иттилоот як аслиҳаи муассири гурӯҳҳои манфиатхоҳ, аз қабили созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шудааст. Иттилооти имрӯз метавонад ба мақсадҳои ғаразнок, аз ҷумла пайдо кардани адовату нафрат ва низоъ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, тоифаҳои одамон, миллатҳо, гурӯҳҳои динӣ тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба мақсади ниҳоии созмонҳои манфиатхоҳ, барҳам додани арзишҳои милливу маънавӣ мавриди истифода қарор гирад. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки ахбор дар асри 21 ба аслиҳаи мафкуравӣ табдил ёфтааст.

Иттилоот метавонад таъсири манфӣ гузошта, ба истифодабаранда хатар оварад. Зеро маълумоте, ки дар фазои маҷозӣ паҳн мегардад, на ҳама вақт дуруст ва саҳеҳ мебошад.

Камбудӣ ва ҷанбаҳои зараровари интернетро коршиносон чунинтафсир мекунанд:

- маълумоту иттилооти интернет метавонад дақиқ набошад;

- сарфи беҳудаи миқдори зиёди вақт;

- дурӣ аз ҷаҳони воқеӣ ва мубтало шудан ба бемории "вобастагиисахт";

- аз даст додани малакаи муоширати воқеӣ;

- зарар ба саломатӣ: чашм, сутунмуҳра, ҳолати равонӣ...

- дастрасӣ ба муҳтаво ва маълумоти номуносиб ва зараровар;

- дар интернет вирусҳои зиёде мавҷуданд, ки компютери моро сироят мекунанд;

- фиреб додан дар интернет бештару осонтар аст;

- авбошии интернетӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сафи истифодабарандагони интернет торафт афзоиш дорад. Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион нафар расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд.

Дар ҷаҳони муосир иттилоот аз сарчашмаҳои мухталиф ва тавассути расонаҳои гуногун паҳн мегарданд. Ба ҳисоби миёна ҳар як корбари интернет дар ҷаҳон ҳар рӯз ҳафт соатро дар интернет сарф мекунад. То моҳи ноябри соли 2022 дар фазои маҷозӣ зиёда аз 1,14 миллиард вебсайт ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда бозгӯи он аст, ки то куҷо имрӯз сокинони сайёра аз интернет истифода мебаранд ва то куҷо иттилоъ имрӯз дар ҳаёти мо нақши муҳимро соҳиб аст.

Равшан аст, ки барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пеш аз ҳама, усули мағзшӯӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин роҳ бештар онҳое таҳти хатар қарор мегиранд, ки мавқеи устувор ва тафаккури баланд надоранд.

Дар ҷомеаи муосир мафҳумҳое чун “зиракии сиёсӣ”, тафаккури интиқодӣ” ва “саводи расонавӣ” маъмул гардидаанд, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир воситаи муфид маҳсуб меёбанд.

Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.

Дар шароити муосир, ки иттилоот бо суръати кайҳонӣ паҳн мегардад, тафаккури интиқодӣ воситаи муҳим ва зарур арзёбӣ мегардад.

Ҷомеаи муосирро давраи дасткориҳои бузурги иттилоотӣ меноманд. Аз ин лиҳоз, ташаккул додани тафаккури интиқодии ҷавонон кафили амният ва суботи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Тафаккури интиқодӣ ("critical thinking" аз юнонӣ kritikos - «нақд, интиқод») тавоноии дастёбӣ ба дониш, тавоноии таҷриба ва таҳлил, арзёбӣ ва қазовати огоҳона, баёни нуқтаи назари шахсӣ дар масъалаҳои мавриди баррасӣ ва тавонмандии истифода аз дониш дар ҳолатҳои маъмулӣ ва ғайримаъмулӣ аст.

Тафаккури интиқодӣ ин маҷмуи малакаҳоест, ки тавассути он инсон иттилоотро на танҳо қабул мекунад, балки кӯшиш хоҳад кард, то саҳеҳияти онро муайян намуда, ба он аз чанд паҳлӯ назар афканад, сабаб ва натиҷаҳои ин иттилоъро пешгӯӣ намояд.

Тафаккури интиқодӣ имкон медиҳад, ки истифодабарандаи иттилоот ба дасткорӣ ё қаллобӣ дода нашавад. Идора намудан ва ё таъсир гузоштан ба нафаре, ки аз лиҳози тафаккури интиқодӣ мусаллаҳ ва устувор аст, душвор мебошад.

Файласуф ва равоншинос Том Чатфилд барои сайқал додани тафаккури интиқодӣ тавсия медиҳад, ки барои чор суол бояд ҷавоб пайдо намуд:

Мусаллам аст, ки терроризм ва экстермизм зуҳуроти нав набуда, он аз қадим вуҷуд дошт. Танҳо бо раванди ҷаҳонишавӣ шаклу мазмун ва рангу моҳияти худро дигар намуд. Дар ин маврид Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мақолаи “Илм ва амнияти миллӣ” менависад, ки: падидаҳои ДОИШ”, “Ал-қоида”, “ҲНИ”, “Ваҳҳобия”, “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва монанди ин ҷараёнҳои террористиву зиддимиллӣ қатъан чизҳои нав нестанд. Ин гуна ҳаракатҳо дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол вуҷуд доштанд, доранд ва хоҳанд дошт. Дар шаклҳои дигар. Дар асоси ақидаҳои дигар (динӣ ва ғайридинӣ). Бо пуштибонҳои дигар. Бо истифода аз маблағҳои дигар. Бо номҳои дигар. Бо чеҳраҳои дигар...”.

Бо назардошти тағйир ёфтани шаклу ном ва чеҳраи созмонҳои террористиву экстремистӣ тақозо мешавад, ки шеваҳои мубориза низ бо ин зуҳуроти номатлуб ранги дигар гирифта, бо истифода аз усулҳои муосиртару муассиртар роҳандозӣ гарданд. Аз ин рӯ, ҷиҳати мубориза бо таҳдидҳои муосир имрӯз ба мавзуъҳои ҷадиду муосире чун таҳкими саводи расонавӣ аҳамияти бештар зоҳир мегардад. Зеро дар аксар маврид иттилоъ барои истеъмолкунанда тавассути расонаҳо дастрас мегардад.

Саводи расонаӣ-иттилоотӣ қобилият ва тавоноии кор бо ҳама гуна манбаъҳо ва захираҳои иттилоотиро дар бар мегирад. Саводи расонаӣ ин маҷмуи малакаҳоест, ки ба шахс барои дастрасӣ ба расона, таҳлили муҳтавои расонаҳо, эҷоди матлаби нави расонаӣ, арзёбии муҳтавои мавҷудаи ВАО ва иштироки фаъолона дар расонаҳо имконият медихад.

Тафаккури интиқодӣ ва саводи расонавӣ ҳамчун воситаҳои муосир ва муассир дар мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз қабли паҳншавии иттилооти бардурӯғ (фейк), экстремизм ва терроризм, ҷойгоҳи махсус доранд. Ташаккул ва рушди ин қобилиятҳо дар ҷомеа заминаи мусоиде фароҳам меорад, ки одамон қобилияти таҳлилу тафаккури интиқодии иттилооти воридшавандаро пайдо кунанд ва аз хатарҳои фазои маҷозӣ худдорӣ намоянд ва амнияти худро ҳифз намоянд.

Дар ҷомеаи кунунӣ, ки инсоният дар зери таъсири манфии иттилооти ғаразнок ва хатарнок қарор дорад, зарурияти назорат ва идораи дурусти иттилоот бештар аз ҳама эҳсос мешавад. Барои пешгирӣ аз ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва робитавӣ амалӣ мегарданд, таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ ҳамчун як тадбири асосӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ин ташаббус имконият медиҳад, ки иттилооти ғайриқонуниву хатарнок дарзамон ва фавран мушоҳида ва боздошта шавад, ки ин ба таври назаррас амнияти миллии давлатро таъмин хоҳад кард.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба ин мавзуъ бороҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки барои мубориза бо ҷиноятҳои муосир ва таҳдидҳои нав зарур аст, ки ҳам тадбирҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ, ҳам тарғиби фарҳанги истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ва саводнокии расонавӣ ба роҳ монда шаванд.

Татбиқи ин ҳадафҳо ва ташаббусҳои муосир имконият медиҳад, ки ҷомеа аз хатарҳои фазои маҷозӣ ҳифз шавад ва ҳамзамон заминаи мусоиде барои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлат фароҳам оварда шавад.

Зарипова Шаҳноза,

дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии

факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ