​Техника ва намудҳои ранггузорӣ дар жанри мусаввирӣ

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар доираи ҳафтаи илм силсилаи чорабиниҳо идома доранд.

Аз ҷумла, дар доираи ин чорабиниҳо маҳфили илмӣ-амалии “Рассомӣ” ва дар кафедраи технология ва методикаи таълими он семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳфил ба мавзуи “Техника ва намудҳои ранггузорӣ дар жанри мусаввирӣ” бахшида шуда, семинар дар мавзуи “Моҳият ва хусусиятҳои анъана ва урфу одатҳо дар тарбияи насли наврас” сурат гирифт.

Ҳамзамон, дар кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълимӣозмуни“Нақшакашии проексионӣ” доир шуд.

Интизор меравад, ки ғолибони озмун ва фаъолони чорабиниҳо дар ҷамъбасти ҳафтаи илм қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ