Татбиқи векторҳо дар исботи нобаробариҳои алгебравӣ

Семинари илмӣ - назариявии омӯзгорони кафедраи алгебра ва геометрия ин навбат дар доираи ҳафтаи илм доир шуд. Дар семинар декани факултет ва устодони кафедра иштирок карданд.

Муаллими кафедраи алгебра ва геометрия Бобоев Элмурод дар мавзӯи «Татбиқи векторҳо дар исботи нобаробариҳои алгебравӣ» маърӯза намуд.

Роҳбари семинар, дотсент Тӯйчиев Олимҷон перомуни мавзӯи болозикр суханронӣ намуда, ҳадаф аз ин ташаббусро таъкид намуд.

Ҳамзамон, миёни иштирокчиён суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ