​Ташрифи донишҷӯён ба Маркази пиронсолон ва маъюбон

Донишҷуёни курси 4-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ таҳти роҳбарии муаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Зоидова Сабоат ба Маркази минтақавии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Ҳадаф аз ин иқдом муайянкунии муаммои иҷтимоишавӣ ва ба ин васила ғамхорӣ нисбат ба бошандагони марказ унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин ташаббус донишҷӯён дар баробари иҷрои супориш тибқи силабуси фани педагогикаи иҷтимоӣ, инчунин ба калонсолон шириниву тармеваҳо тақсим намуда, меҳрубонӣ зоҳир намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ