Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои Миллат оид ба масъалаи обва ҳифзи пиряхҳо

Таҳти чунин унвон дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 90-солагии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии ХуҷандбаномиакадемикБобоҷонҒафуров” бо диораи васеи муҳаққиқонун олимон доир гардид.

Конференсияро сарвари Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бамуносибати пазируфта гардидани пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” табрик намуд. Номбурда иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки санаи 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ намуд. Мувофиқи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзипиряхҳоэълонкардашуда, рӯзи 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эътироф гардид.

Зикр шуд, ки сиёсати байналмилалии Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва пазируфта шудани пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.

Сипас, тибқи барномаи конференсия дотсенти факултети геоэкология ва туризм Муродҷон Собиров дар мавзуи “Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, профессор Садриддин Абдураҳимов дар мавзуи “Гармшавии глобалии иқлим ва ақибгардии пиряхҳои кӯҳӣ” ва дотсент Турдибой Турдиев дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳифзи пиряхҳо” маърӯза намуданд.

Дар баромадҳо масъалаҳои обу иқлим, ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифҳи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ