​Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ барои донишҷӯёни ихтисоси хитойӣ

Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ барои донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси хитойӣ оғоз шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз фанни “Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони хитоӣ” дар мавзеъҳои Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳи-металлургии Тоҷикистон, маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”, коргоҳи маъдании шаҳри Истиқлол, заводи сементбарории Консой “Хуаксин”, фурудгоҳи шаҳри Бӯстон гузаронида мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз санаи 29 январ шуруъ шуда, дар назар аст, ки то 24-уми феврали соли 2024 давом мекунад.

Дар доираи рӯзи якуми таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён аз Донишкадаи Конфутсий донишҷуён дидан карданд.

Ҳадаф аз ин тадбирҳо татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ