​Таҷрибаомӯзӣ: Озмуни “Луғатдони беҳтарин”

Дар раванди таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ донишҷӯёни бахши панҷуми факултети забонҳои шарқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-ишаҳри Хуҷанд ҳисоботи эҷодиро дар шакли озмуни “Луғатдони беҳтарин” баргузор намуданд.

Озмун байни хонандагони синфи панҷум бо иҷрои ҳафт шарт гузаронида шуд: муаррифии дастаҳо, аз ҳарфҳои додашуда ҳар чи бештар калимаҳоро дар се забон навиштан, тести мувофиқовариро пурра кардан, арчаи Соли навиро бо калимавожаҳои забони англисӣ оро додан ва дарёфти калима аз рӯи расм.

Мудири кафедраи забони англисӣ н.и.ф., дотсент Шамсиддинова Назира таъкид намуд, ки ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳои таълимӣ барои инкишоф додани малакаи муоширатии хонандагон муҳим аст ва баҳри дар амал татбиқ намудани барномаи давлатии такмили забонҳои русӣ ва англисӣ тадбири саривақтӣ мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ хонандагон бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ