​Тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ– омили муҳими муқовимат бо бегонапарастӣ

Ибтидо мактаби тарбияи инсон аз оила оғоз мешавад. Воқеан оила як ячейкаи асосии ҷамъиятӣ буда, асоси давлатро ташкил медиҳад. Маҳз дар оила фарзандони солим, насли солим, фарди тарбият ёфта, соҳибмаърифат, соҳибкасб ба воя мерасад. Барои давлат солим ва созгор будани оила муҳимтарин ҷомеа аст. Фазои оилаи тифоқ, солиму маърифатпарвар метавонад, насли хубро тарбия намуда, ба камол расонад. Пас, ба дӯши падару модарон нисбати масъалаи тарбияи фарзандон – ҷавонони оянда масъулияти баланд вогузор шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандорӣ ва ватанпарастиро ҳамешагӣ таъкид мекунанд. Масъулият барои тарбияи ҷавонон муҳимтарин восита аст. Падару модар вазифадор аст, ки нисбати масъулияти фарзандон бетараф набошанд. Ёдовар шуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми дуюми моддаи 34 омадааст: “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асос ва заминаи меъёрҳои Конститутсия қонуне қабул ва мавриди амал роҳандозӣ шудааст, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим менамоянд. Ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад, ки айни замон барои таълиму тарбияи ҳаматарафаи ҷавонон, насли наврас муҳим ва зарурӣ аст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки таълиму тарбияи кӯдак, насли солим аз оила сароб мегирад. Чи гунае, ки падару модар фарзандро тарбия мекунанд, ҳамон гуна фарзанд қомат рост мекунад. Муаассифона на дар ҳама оилаҳо падару модарон ба таълиму тарбияи хуби фарзандон диққат медиҳанд. Чуноне дар моддаи 8 қонуни дар боло зикр шуда омадааст: “Фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Ба фарзанд тибқи арзишҳои милли номи нек гузоранд; барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоции фарзанд шароит мущайё намоянд”.

Бетарафии волидон нисбати таълиму тарбияи фарзандон замоне, ки ҷомеа рӯ ба рӯйи ҷаҳонишавӣ ва зери таъсири манфии рӯзафзуни он қарор дорад, номумкин ва нобахшиданист. Барои тақвияти таълиму тарбияи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳим “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он дурнамои сиёсати давлатро дар самти таҳкими оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва асоси ҷомеа муайян месозад.

Фарзанд дар оила сарчашмаи асосии хушбахтии волидон мебошад. Муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар оила шарти боэътимоди тарбияи беҳтарини насли наврас мебошад. Чуноне дар қисми якуми моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқии кӯдак сабт шудааст, ки “Таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад” . Беназоратии волидайн нисбат ба наврасону ҷавонон, беаҳамиятӣ ва хунукназарӣ нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд сарчашмаи ҳама гуна амалҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон мебошад.

Маълум, ки қишри асосии ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон нерӯи муҳими рушди давлат ва пояи инкишофи имрӯзу ояндаи ҳар як миллат мебошад. Қувваи бузурги ҷавонон метавонад, ба рушди кишвар мусоидати назаррас дошта бошад.

Ҳамешагӣ дар Паёмҳои қаблии Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба донишандӯзии ҷавонон, даъват ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ, соҳибкасб намудани ҷавонони кишвар, машғул будан ба варзиш ва дигар ҷиҳатҳо таваҷҷуҳи бештаре дода мешавад.

Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки ба бозори меҳнатӣ шумораи зиёди ҷавонон ворид мегарданд. Дар шароити имрӯзаи рушди Тоҷикистон таъмин намудани аҳолӣ ба шуғли муайян ва зарурӣ яке аз ҳадафҳои муҳим ва стратегӣ муқарар карда шудааст. Воқеан ҳам чунин иқдоми бештар ба қишри ҷавони аҳолӣ дахл дорад, ки зарурат ба омӯзиши касб ва шуғли маъқулро доранд. Соҳибмаълумот ва соҳибкасб намудани ҷавонон ба онҳо имкон фароҳам меоварад, ки дар зиндагӣ мавқеи худро пайдо намуда бошад.

Дигар паҳлӯи ба таълиму тарбияи хуб фарогир шудани ҷавонон дар замони муосир шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад.

Тайи солҳои охир вожаҳои терроризм ва экстремизм мавқеъ ва мақоми худро пайдо намуд. Дар ин навиштаҷот ба маънидоди мазмуни терроризм ва экстремизм зарурият нест, танҳо хавотиромез он аст, ки оқибатҳои амалҳои террористӣ ва экстремистӣ хатарнок ва ҳатто даҳшат аст. Кам нестанд ҷавононе, ки ба ин гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мешаванд. Ин масъала ҳар яки моро ба фикру андеша водор месозад, ки чаро ҷавононе оқибатҳои нухуши амалҳои террористиро дониста, ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд. Ҳатто оилаҳои ҷавон бо фарзандон ба мамоликҳои террористӣ фирор мекунанд, худро қурбон намуда, зану фарзандон сарсону саргардон зери шиканҷаи бегонагон азият мекашанд. Зеҳни ақлии ҷавонон инро бояд донад, андеша ва хулоса бардорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат маротибаи чанд зану фарзандони бесаробон сарсону зери шиканҷаю машаққат қарор доштаро ба Ватан баргардониданд. Дар ҳамаи баромадҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ҷавонон ҳушёрию зиракии худро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳама гуна ваъдаҳо нашаванд. Дар ҳаёту зиндагӣ роҳи беҳтаринро интихоб кунанд, дониш омӯзанд, забонҳои зориҷиро аз худ намоянд, соҳибкасб шаванд, то тавоно ва нерӯманд бошанд.

Раҳматуллоева Р.Ғ., муаллими калони кафедраи географияи табиӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ