​Таъмини амнияти миллӣ

Дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм ҷиҳати татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” чорабинӣ доир гардид. Ин ташаббус дар ҳамҷоягӣ бо кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ ба роҳ монда шуд.

Дар доираи чорабинӣ перомуни роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб маърӯзаҳо ироа гардида, муаррифиномаҳои тарбиявӣ манзур гардид.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва саводи сиёсии онҳо унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ