​Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии “Солимии равонӣ”

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинии ифтитоҳӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷоҳонии “Солимии равонӣ” бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Муқаддас Шарифиён чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳамасола санаи 10-уми октябр Рӯзи умумиҷоҳонии “Солимии равонӣ” дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад. Баргузории силсилаи чорабиниҳоро ҷиҳати омода намудани мутахассисони ояндаи соҳаи равоншиносӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои илми психология муҳим маънидод намуд.

Дар идомаи чорабинӣ дотсент Ҳусейн Зайтметов оид ба зарурати илми психология ва такмили донишҳои психологии мутахассисони ин соҳа маърӯза намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар қиёс бо илмҳои математика ва фалсафа имрӯз илми психология хеле ҷавон буда, барои рушду такомули ин соҳаи нисбатан зарури ҷомеа бояд пайваста саҳм гузорем.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ китобҳои тозанашри соҳаи равоншиносӣ ба намоиш гузошта шуда, муаррифӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ