​Таҷлили Рӯзи китоб дар донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз Рӯзи китоб бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар толори Китобхонаи илмии донишгоҳ чорабинӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом устодону донишҷӯёнро бо Рӯзи китоб табрик гуфта, аз нақши китоб дар таҳкими маънавиёти ҷомеа, аҳамияти мутолиа ва зарурияти тарғиби китобдӯстӣ таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки сарчашмаи ҳама дониш ва маълумот мутолиа аст. Миллате, ки мутолиа намекунад, оянда надорад.

Профессор Аюб Усмонзода таҷлили бошукуҳи Рӯзи китобро дар таърихи 5 сентябр дар саросари мамлакат далели равшан аз ҷойгоҳу манзалати хоси китоб дар ҷомеа унвон намуд.

Таъкид гардид, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди илм, таъмини дастрасии устодону донишҷӯён ба китоб, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар Китобхонаи илмии донишгоҳ, тавсеаи имконият ва фароҳам овардани шароити арзанда тамоми тадбирҳо андешида мешавад.

“Раёсати донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фаъолияти Китобхонаи илмӣ мунтазам таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар самти ғанӣ гардонидани фонди китобхона чораҳои зарурӣ меандешад. Феълан фонди китобхонаи донишгоҳ зиёда аз 250 ҳазор китобро фаро гирифта, шумораи умумии китобњои электронї ба 60 њазору 714 адад расонида шуд” – афзуд ректори донишгоҳ.

Дар идома профессор Аюб Усмонзода перомуни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» изҳори назар намуда, аз зарурияти мутолиа ва аҳамияти он ҷиҳати иштирок ва ғолибияти донишҷӯён ёдрас намуд.

Дар фарҷом ғолибони даври донишгоҳии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва озмуни “Китобхони беҳтарин”, ки аз ҷониби садорати Китобхонаи илмии донишгоҳ гузаронида шуд, қадр шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар даври донишгоҳии озмунҳои ҷумҳуриявӣ 82 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ғолиб омаданд.

Изҳори умед шуд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун низ истеъдодҳои ҷавони донишгоҳ донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ