​Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз муассисаи таълимии томактабии № 8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз пойгоҳҳои таҷрибавии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ маҳсуб меёбад, боздид намуда, дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ иштирок намуд.

Чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Кӯдакон – дунёи мо” ба роҳ монда шуда, дар он машғулияти ҳисоботии гурӯҳи омодагӣ ба мактаб манзур гардид.

Дар чорабинӣ мудири маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бобоева Дилбар ва дигар масъулини маорифи ноҳия, декан, мудирони кафедра ва омӯзгорони факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи машғулияти ҳисоботии гурӯҳи омодагӣ ба мактаб аз усулҳои фаъоли таълим: гуруҳбандӣ, ҳуҷуми зеҳнӣ, нақшофарӣ, блитс-пурсиш, ҳамгироии фанҳои таълимӣ ба таври васеъ истифода карда шуд.

Дар идома барномаи ҳамҷояи тарбиягирандагони муассиса ва донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ ва Олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ намоиш дода шуд. Дар чорабинӣ намоиши теартикунонидашуда, композитсияи адабӣ, хори умумӣ, рақс ва суруди якка, рақсҳои гуруҳӣ бо маҳорати баланди санъатдӯстӣ пешниҳод гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ба масъулини маорифи ноҳия ҷиҳати ҳамкории судманд, мусоидат ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва таъмини шароити арзанда барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии таҷрибаомӯзон изҳори сипос намуд.

Хотиррасон менамоем, ки донишҷӯёни ихтисосҳои таҳсилоти томактабии факултет мутобиқ ба нишондиҳандаҳои стандарт ва барномаи таълимӣ дарсҳои кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор ва таҷрибаи таълимиву омӯзгории худро дар пойгоҳҳои таҷрибавии факултет мегузаронанд, ки яке аз онҳо муассисаи таълими томактабии № 8 маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ