​Таҳкими ҳамкориҳо бо Маркази илм ва фарҳанги Русия

Имрӯз, санаи 27 октябри соли 2021 намояндагони Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом Иванов Иван Сергеевич - роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кобзарь Максим Фнликсович - муовини Консулгарии генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, Быховский Никита Валерьевич – иҷрокунандаи вазифаи роҳбари “Русский дом” дар шаҳри Хуҷанд, Саттарова Фируза Масудовна - ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии “Русский дом” дар Хуҷанд ба китобхонаи донишгоҳ омада, бо имконият ва шароити хизматрасонӣ шинос гардиданд.

Меҳмононро ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва директори китобхона Дилбар Самадова истиқбол намуданд.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни суҳбат оид ба таҳкими робитаҳои донишгоҳ бо марказҳои илму фарҳанги Русия изҳори назар намуда, дар бораи омодагии донишгоҳ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо сухан кард.

Номбурда аҳамият ва натиҷаҳои муносибатҳои ҳамкории судманди ду ҷонибро таъкид намуда, дар бораи самараи чунин ибтикорот зикр дошт.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои таъмини тақвияти робитаҳои судманд бо ҷониби Русия, чи бо марказҳои илмӣ ва ҳам фарҳангӣ аз тамоми имконият истифода бурда, дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Ҳамзамон, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иванов Иван Сергеевич аз ҳамкориҳои донишгоҳ изҳори хушнудӣ ва истиқбол карда, ба роҳбарияти донишгоҳ баҳри тадбирҳои муҳиму муфид дар ин самт миннатдорӣ баён кард.

Номбурда ҳатто аз таассуроти мулоқоти гузашта бо ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва хотироти наҷибаш вобаста ба тақдими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров нақл намуд, ки то ҳол дар утоқи кориаш ҳамчун рамзи ҳамкориҳои самарабахш ва муносибати наҷиби дӯстии ҷонибҳо нигоҳ медорад.

Хотиррасон менамоем, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи нек ва дар фазои самимияту дӯстӣ ҷараён гирифта, инчунин ба махзани китобхона аз ҷониби масъулини Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1250 китоби дарсӣ тақдим гардид.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ