​Тақдими китоб ба Китобхонаи илмӣ

Ба китобхонаи донишгоҳ аз ҷониби номзади илмҳои психологӣ Ҳакимова Мунаввар китоби дарсии “Саволу ҷавоб аз фанни психология” тақдим гардид. Комплекси таълимию методӣ тибқи стандарти давлатӣ ва барномаи курси “Психологияи умумӣ” таҳия гардида, суолу ҷавоб, луғати тафсирӣ, тавзеҳот ва маълумоти мухтасарро дар бораи баъзе олимони равоншинос, ки зикрашон дар китоб омадаанд, дар бар гирифтааст. Дар маҷмӯаи таълимию методӣ мавзуъҳои асосии фанни психология тариқи схемаҳо тибқи талаботи низоми кредитии таҳсилот оварда шудааст, комплекс ба донишҷӯёни ихтисоси психологӣ, психологони мактаб ва ҳамаи ашхосе, ки ба таълиму тарбияи насли наврас сарукор доранд, пешбинӣ шудааст. Дар он оид ба мавзӯи шахсият, гурӯҳ ва коллектив, фаъолият ва соҳаи ваҷҳиёти одам, муаммои муошират дар психология, диққат, эҳсосот ва идрок, хотир ва равандҳои хотир, тафаккур ва равандҳои тафаккур, хаёл, ҳиссиёт, ирода, мизоҷ, характер ва қобилиятмаълумот дода шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ