​Тадбирҳо ҷиҳати таъмини самаранокии таҷрибаомӯзӣ

Донишҷўёни ихтисоси география ва география – демография ҷиҳати татбиқи донишҳои назарӣ давоми чор ҳафта инҷониб таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ доранд.

Ин гуруҳи донишҷӯён шуруъ аз санаи 30 январ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ дошта, дар доираи ин иқдом маҳорати педагогии худро сайқал медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён таҳти роҳбарии сармуаллима Ҳайдарова Мавзуна ва муаллима Ашӯрова ҷараён дошта, то санаи 1 март давом хоҳад кард.

Дар доираи ин ташаббус таҷрибаомӯзон дар дарсҳои омӯзгорони пешқадами муассиса иштирок намуда, ҳамакнун мустақилона низ дарс ва чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ ташкил намуда истодаанд, ки дар самти таъмини сифати баланди таҷрибаомӯзӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ дотсент Назирҷон Пӯлотов мулоқот намуд.

Ба донишҷӯён маслиҳат дода шуд, ки муҳлати таҷрибаомӯзиро оқилона истифода бурда, аз таҷрибаи омӯзгорони муваффақи муассиса истифода намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки дар факултети геоэкология ва туризм ҷиҳати фароҳам овардани имконияти арзанда дар самти татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати таъмини сифати баланд ва самаранокии раванди таҷрибаомӯзӣ иқдоми зарурӣ роҳандозӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ