​Табодули таҷриба бо Донишгоҳи давлатии педагогии Тошкент

Даҳаи сеюми моҳи ноябр чор нафар дотсентони кафедраи технология ва методикаи таълими факултети санъати тасвирӣ ва дизайн таҳти сарварии декани факултет Хайриҷон Ҷӯраева, устодони факултети забонҳои шарқ ва панҷ нафар донишҷӯёни ихтисоси технология дар доираи шартномаи ҳамкорӣ тибқи барномаи “Мубодилаи академии Омӯзгорон” барои хондани лексия, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва мубодилаи таҷриба ба Донишгоҳи давлатии педагогии Тошкент ба номи Низомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки устодону донишҷӯёнро дар Донишгоҳи давлатии педагогии Тошкент ба номи Низомӣ хуш истиқбол намуда, аз устодони ботаҷрибаи ин боргоҳ машварат ва дарс гирифтанд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби устодону донишҷӯёни тоҷикистонӣ чанд пешниҳоди судманд гузошта шуд, ки онро бо хушҳолӣ пазируфтанд.

Устодони факултети санъати тасвирӣ ва дизайн барои хондани лексия, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва мубодилаи таҷриба ба факултети санъати тасвирӣ ва дизайниДонишгоҳи давлатии педагогии Тошкент ба номи Низомӣ ва омӯзгори факултети забонҳои шарқ ба факултети забони хориҷии ин Донишгоҳ лексия хонданд. Ҳамчунин донишҷӯён низ зимни ин сафар ба таҳсил фарогир гаштанд.

Дар ҷамъбасти сафари корӣ устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо сертификат ва раҳматнома сарфароз гардонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ