​Шӯрои олимон: вазифагузориҳо дар самти таҳкими равандҳои фаъолият

Ҷаласаи Шурои олимони донишгоҳ дирӯз таҳти раёсати ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода доир шуд ва ин навбат дар доираи он ҳафт масъала баррасӣ гардид.

Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа доир ба беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии равандҳои фаъолияти факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ раиси гуруҳи корӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Ахмедов Ҳусейнбой гузориш дод.

Таъкид гардид, ки факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ раванди корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро дар асоси Стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ мондааст.

Тайёр намудани мутахассисони соҳибунвон ва нерӯ бахшидан ба потенсиали илмии факултет аз вазифаҳои наздиктарини садорат ва ҷомеаи факултет маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки садорат ва ҷомеаи факултет бояд ба он мусоидат намояд, ки магистрантон, докторантон ва унвонҷӯён мувофиқ ба самти кафедра рисолаҳои илмии худро интихобу ҳимоя намоянд.

Рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишгоҳ зимни ҳисоботи Маҳмудзода Бахтиёр, мудири шуъбаи тарбия мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Рухсора Давлатзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байнламилалӣ дар бораи густариши робитаҳои донишгоҳ бо сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва дигар созмонҳову муассисаҳои байналмилалӣ маълумот дод.

Вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ҷараёни баргузории курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон аз ҷониби мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Пӯлотов Назирҷон, сатҳу сифати иҷрои корҳои курсӣ аз фанҳои тахассусӣ дар факултетҳои равияи гуманитарӣ дар баромади раиси гуруҳи корӣ, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик Мавлонова Мутриба, фаъолияти Шурои диссертатсионии амалкунандаи назди донишгоҳ ҳини гузориши раиси Шурои диссертатсионӣ профессор Абдуҷамол Ҳасанзода таҳлил шуданд.

Ректори донишгоҳ сохторҳои дахлдори раёсати донишгоҳ ва садорати факултету кафедраҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешида, дар самти таъмини пешрафти равандҳои фаъолият тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ ҷамъбаст гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ