Шӯрои олимон: Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис

Дирӯз ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ҷаласаро ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно сохт.

Сипас, профессор Меҳринисо Абдуллоева - декани факултети забонҳои хориҷӣ роҷеъ ба “Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣдар факултети забонҳои хориҷӣ: дурнамо ва мушкилот”, сардори раёсати таълим Муҳиддин Сабуров дар мавзӯи “Оид ба натиҷаи ҷамъбасти раванди таълиму тадрис дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2021-2022 дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ” ва дар мавзӯи “Аз рафти фаъолият ва танзими ҳуҷҷатнигории Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ, Шӯрои олимони факултетҳо, ҷаласаҳои деканат ва кафедраҳо: вазъи кунунӣ ва дурнамо” - раиси гурӯҳи корӣ Ёқубҷон Дадоҷонов гузориш доданд.

Зимни таҳлилу муҳокимаи масъалаҳо фикру мулоҳизаи аъзоёни шӯро шунида шуд. Гуфта шуд, ки ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ дар факултетҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар идома масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар интиҳо зимни баррасии масъалаҳои зикршуда ва дархосту пешниҳодҳо аз ҷониби Шӯрои олимони донишгоҳ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ