​Спартакиада: донишҷӯён байни ҳам сабқат доранд

Миёни донишҷӯёни факултети геоэкология ва туризм аз рӯйи намуди футбол ва волейбол таҳти унвони “Саломатӣ” спартакиада оғоз шуд. Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 20 даста иштирок намуда, байни ҳам сабқат хоҳанд намуд.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҳадаф аз ин иқдомро тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш унвон намуд. Ба таъкиди ин масъули бахши ҷавонони донишгоҳ, чунин иқдом бахшида ба 90 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.

Интизор меравад, ки бозингарони беҳтарини факултетҳо ба ҳайати тими донишгоҳ шомил хоҳанд шуд.

Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилооот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ