Соати кушоди тарбиявӣ факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

Санаи 5-уми майи соли 2023 дар кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, соати тарбиявӣ бахшида ба таҷлили “Иди Ғалаба” таҳти унвони “Хеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш нахоҳад шуд” бо донишҷӯёни курси 1-уми гурўҳи 105 ихтисоси таҳсилоти томактабӣ, равоншиноси амалӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти соати тарбиявӣ аз муаррифӣ (презентатсия), аёниятҳо ва воситаҳои техникии таълим, истифодаи китобҳои бадеъи таҳти унвони “Сарнавишти қаҳрамонони иттиҳоди Шуравӣ” ҳамзамон тадбиқи муносибати салоҳиятнокӣ ба пуррагӣ истифода бурда шуд. Омӯзгор бо маҳорати хоса донишҷӯёнро ба дарс омода сохта, қисмати тарбиявии дарсро бо арҷгузорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз сохт. Алоқамандии машӯулият бо ихтисоси донишҷӯён вобаста карда шуда, бо шарҳу тафсир мавзӯи фан шарҳ дода шуд.

Ҷараёни дарс бо робитаи хуби омӯзгор ташкил шуда, дар рафти дарс донишҷӯёни гуруҳ хеле фаъол буданд, ҳамаи донишҷӯён ба дарс фаро гирифта шуда буданд, ки ин аз маҳорати ташкили хуби дарс, шавқоварии дарс шаҳодат медиҳад. Дар раванди соати тарбиявӣ шеърҳо дар васфи “Тоҷикистон”, “Ватан”, Иди Ғалаба, гуфторҳо бахшида ба ”Қаҳрамонони иттиҳоди Шуравӣ” қироат намуда, суруди умумӣ (хор) бо забони русӣ бо ном “Катюша”, “Бесмерный полк” сароида шуд. Инчунин саҳнаофарӣ бахшида ба “Иди Ғалаба”, бахши “Насиҳат гӯш кун ҷонон” ва рақси “Смуглянка” иҷро карда шуд.

Дар раванди дарс саволҳои муаммогӣ гузошта шуда, донишҷӯён барои фикр намудан равона карда шуданд. Ҷиҳати хуби дарс аз он иборат буд, ки аз воситаҳои аёнии таълим моҳирона истифода бурда шуд. Донишҷӯён дар раванди дарс фаъол буда, ба саволҳои гузошташуда ҷавобҳои қаноатбахш медоданд. Дар раванди дарс аз аз методҳои интерактивӣба монандӣ:методи “Кластер”, “МДД”, “Дарахти интизорӣ”, Бозии майдони мӯъҷизот”моҳирона истифода бурда шуд. Беҳтарии дарс дар он буд, киаз ҷониби донишҷӯёнҳамаи қарору фармонҳоиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мааориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонба самти тарбия ва таълимба хотир оварда шуд, ки мо онро сармашқи кори худ меҳисобем.

Матни лексия, маводҳои иловагӣ, муаррифии мавзӯи мазкур мутобиқ ба талаботи Низомномаи дарсҳои соати тарбиявӣ ва талаботҳои макотиби олӣ омода карда шудааст.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ