​ШИСТ: Назорати раванди таълим


Беҳдошт ва баланд бардоштани сифати таълим аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб меёбад. Дар ин изамина тибқи нақша шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот давомоти донишҷўён, истифодаи маводи таълимӣ-методӣ,муаррифии фанни таълимиро мунтазам ба роҳ мондаанд. Ҳамин тавр, мутахассисони шуъба дар давоми ҳафтаи сипаришуда ба машғулиятҳои омўзгорони факултетҳои санъати тасвирӣ ва технология, математика, физикаю техника, телекомуникатсия ва технологияи иттилоотӣ,биология ва химия иштирок намуда, вазъи раванди таълим истифодаи бастаи маводи таълимӣ-методӣ ва муаррифии фанниро дар раванди таълим ба роҳ монданд. Зимни санҷиш маълум гардид, ки омўзгорони факултетҳои зикршуда бастаи маводи таълимии тасдиқгардидатаъмин буда, доишҷўён низ бо силлабус ва дигар маводи таълимии ёрирасонро доро мебошанд. Ҳамчунин санҷиш мушоҳида гардид, ки аксарияти омўзгорон дар раванди дарс аз муаррифии фаннӣ пурсамар истифода мебаранд.

Боиси қайд аст, ки омўзгорон дар машғулиятҳои худ аз усулҳои фаъоли таълим истифода мебаранд, ки омили асосии беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ