​Сессияи зимистона то 17 январ идома хоҳад ёфт

Масъулини раёсати таълим аз раванди сессияи зимистона дидан намуда, сатҳу сифати ҷараёни имтиҳонотро назорат бурданд.

Профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба корҳои таълим ва сардори раёсати таълими донишгоҳ дотсент Сабурӣ Муҳиддин дар имтиҳоноти сессияи зимистона дар маркази тестӣ, биноҳои №1, №2 ва №3 иштирок намуда, шаффофияти имтиҳонотро тафтиш намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мутобиқ ба нақшаи раванди таълим ва фармоиши ректори донишгоҳ сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 аз 26 декабр оғоз гардида, то санаи 17 – уми январи соли 2023 идома хоҳад ёфт.

Аз раёсати таълим иттилоъ доданд, ки миқдори умумии имтиҳонҳо 5162 ададро ташкил дода, аз ин шумора 2065 адад имтиҳон тариқи тестӣ ва 3097 адад тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва эҷодӣ сурат мегирад.

Масъулини раёсат, сарварони факултетҳо, нозирон, омӯзгорони фаннӣ, нозирони марказ ҳамарӯза аз ҷараёни сессияи зимистона назорат бурда, имтиҳонҳо муташаккилона мутобиқ ба ҷадвали тасдиқшуда дар фазои мусоиду ором ҷараён доранд.

Аз натиҷаи сессияи зимистона баъд аз ҷамъбаст дар гузоришҳои минбаъда иттилоъ хоҳем дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ