​Семинари таълимӣ-методии назди кафедраи умумидонишгоҳии информатика

Дар кафедраи умумидонишгоҳии информатика семинари таълимӣ-методӣ бо иштироки устодони кафедра баргузор гардид.

Ба кори семинар мудири кафедра дотсент Инобат Икромова оғоз бахшида, аз мақсад ва ҳадафҳоиасосии он ёдовар шуд. Зикр гардид, ки ҳадафҳои асосии фаъолияти семинари таълимӣ-методӣ ин дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди технологияи информатсионӣ, ҷомеаи иттилоотӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, тарбияи ахлоқии ҷомеа, баланд бардоштани маърифат ва дониши илмиву техникӣ ва фарҳангии устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ба роҳ мондани иртиботи илмиву техникии олимони донишгоҳ бо намояндагони марказҳои илмии кишвар, технологияҳои захирасозӣ, ҷустуҷӯи ва мураттабсозии иттилоот мебошад.

Дар семинар дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Маҳфуза Абдуллоева дар мавзуи “Нусхагирии захиравии системаи амалиётии Windows бо барномаи Acronis Ttue Image” баромад карда, оиди нусхагирии захиравии системаи амалиётӣ, ҳамаи барномаҳои насбгардида дар компютер маълумот дода, амалан нишон дод.

Баргузории семинарҳоитаълимӣ-методӣ дар назди кафедраҳои донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалӣ, тафаккури техникии устодону донишҷӯён ва саҳм гузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” муҳиммаънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ