​Семинари таълимӣ-методӣ: “Пленэр ҳамчун ҷараёни таълим”

Бо иқдоми кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ дар мавзуи “Пленэр ҳамчун ҷараёни таълим” семинари таълимӣ-методӣ гузаронида шуд. Дар семинар устодон ва кормандони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ иштирок намуданд.

Семинарро муаллими калони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Мулоҷонов Мансур ифтитоҳ намуда, аз ҳадаф ва рӯзномаи семинар таъкид намуд.

Омӯзгор Ғаниева Малика маърӯза намуда, зикр намуд, ки тасвири пленэрӣ дар натиҷаи амали рассомон дар ҳавои кушод, дар заминаи омӯзиши мустақими табиат дар муҳити равшании табиӣ, бо мақсади пурра акс кардани намуди аслии он таҳия шудааст. Пленэр инъикоси воқеии тасвири ғановати рангоранги табиат, ки худро дар фазои кушод бо таъсири муҳити ҳаво ва нури офтоб зоҳир мекунад.

“Мусаввирии фазои кушод дар натиҷаи амали рассомон дар ҳавои кушод, дар заминаи мустақими табиат дар муҳити равшании табиӣ, бо мақсади пурра акс намуди аслии он таҳия шудааст” – зикр шуд дар семинар.

Бо суолу ҷавоб ва табодули афкор семинар анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ