​Семинари таълимӣ – методӣ дар факултети геоэкология ва туризм

Дар факултети геоэкология ва туризм бо мақсади баррасии масъалаҳои таълимиву илмӣ семинари таълимӣ – методӣ баргузор шуд. Семинар бо ҷалби устодони факултет аз тарафи муовини декан оид ба таълим Ҳайдарова роҳандозӣ гардид.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва илм, тартиби санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониш, малака ва салоҳияти донишҷӯ, шавқовар гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ва истифодаи тарзи салоҳиятноки таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, ба иштирокчиёни семинар ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим маслиҳату пешниҳодоти муфид манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ