​Семинар: Муколамаи наслҳо оид ба густариши раванди таълим дар донишгоҳ: мушкилот ва дурнамо

Имрўз дар толори раёсати донишгоҳ семинар–машварат таҳти унвони «Муколамаи наслҳо оид ба густариши раванди таълим дар донишгоҳ: мушкилот ва дурнамо» ташкил ва баргузор карда шуд.

Семинар-машварати мазкур бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом оғоз гардид.

Мавсуф таъкид дошт, ки: «Машварат ва маслиҳати устодони соҳибтаҷриба дар рушди раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот яке аз муҳимтарин омилҳо маҳсуб мешавад. Мо дар ин замина тасмим гирифтем бо ташкили ин семинар-машварат беҳтарин мутахассисони самти таълиму тадрис ва собиқадороне, ки дар пайраҳаи таълиму тадрис умрашонро бахшидаанд ва дар њар марҳила муваффақу кордон буданд сарҷамъ карда, аз таҷрибаву дониш ва маҳорати онҳо дар раванди таълим бо камоли масъулият истиқбол намоем.

Сипас аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки андешаҳои тоза ва дархосту пешниҳоди худро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва самаранокии раванди тадрис манзур намоянд».

Сипас муовини ректор оид ба корҳои таълим, профессор Меҳриниссо Абдуллоева дар мавзўи «Заминаҳои рушди сатҳу сифати таълим ва баррасии масъалаҳои мавҷудаи раванди таҳсилот дар донишгоҳ» суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки: «Пешвои муаззами миллат ояндаи дурахшони кишварро дар пешрафти илму маориф дониста, дар ҳар суханронии худ баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ аз масъулин талаб менамоянд.

Маълум аст, ки пешбурди раванди таълиму тадрис бидуни заҳматҳои кадрҳои тахассусманди илмиву таълимӣ ва маслиҳату машварати собиқадорони соҳа ғайримкон мебошад”. Мавсуф аз як қатор масъалаҳои муҳими раванди таълим ёдрас шуда, назару мулоҳизоти иштирокдоронро барои ҳаллу баррасии онҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар донишгоҳ муҳим арзёбӣ намуд.

Семинар-машварти «Муколамаи наслҳо оид ба густариши раванди таълим дар донишгоҳ: мушкилот ва дурнамо» бо суханронињо ва дархосту пешниҳодоти чанде аз собиқадорон ва кардҳои ҷавони донишгоҳ ҷараён гирифт. Устодон Саидов Ҳайдар Раҳматович, Абдуфодиров Абдусаттор, Хабилов Толибҷон Қодирович, Набизода Ваҳҳоб Машраб, Абдураҳимов Садриддин Яминович, Ҳасанзода Абдуҷамол, Ҷўраев Ғафурҷон Ҳоҷиевич, Ўлмасов Маҳмудҷон, Олимӣ Абдуманнон, Раҳмонов Зикриё, Рабиев Сатторбердӣ ва дигарон ба сухан баромада, перомуни муҳимтарин масъалаҳои раванди таълим изҳори назар карданд. Пешниҳодҳои устодон бештар дар масъалаҳои интизоми корӣ, интихоби кадрҳои лаёқатманди самти таълим, муътадил ба роҳ мондани ҷараёни таҳсил, ташкили санҷишу имтиҳонот, таҷдиди фанҳои таълимӣ, ташкили босамари раванди таълим дар факултетҳо, тақсимоти соатҳои таълимӣ ва ғайра ҷолиб ва муфид буданд.

Ҳамчунин, кадрҳои ҷавони донишгоҳ ба монанди Музафаров Дилшод, Узоқова Гулнора, Раҳматов Шуҳратҷон дар семинар-машварат бо дархосту пешниҳодҳои худ баромад намуданд.

Дар интиҳо ректори донишгоҳ барои пешниҳоду дархостҳои устодон арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки: “Пешниҳодоти Шумо дар татбиқи амалии муҳимтарин ҳадафҳо барои сифатмандии таълиму тадрис пеш аз ҳама татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меоварад.”

Семинар-машварат дар фазои озод ва баҳсу мунозираҳои судманд ба анҷом расид, ки дар густариши раванди таълим заминагузор мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ