​Семинар-машварат: тадбирҳо ҷиҳати риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ

Ин навбат ҷиҳати тарғиби дастурамали либосҳои тавсиявӣ семинар-машварат дар факултети геоэкология ва туризм доир гардид.

Дар доираи ин ҷамъомад, ки бо ташаббуси созмони ҷавонон ва шӯрои духтарони факултет роҳандозӣ гардид, анво ва номгӯи либосҳои тавсиявӣ шарҳ дода шуд.

Абдухолиқзода Музаффар, декани факултет риояи ин дастурамалро барои устодону донишҷӯён муҳим маънидод намуда, дар самти ҳифзи фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз гароиш ба фарҳанги бегона зарур унвон намуд.

Масъулини созмони ҷавонон ва шӯрои духтарони факултет муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати тарғиби дастурамали либосҳои тавсиявӣ тадбирҳои зарурӣ анҷом дода, дар ин самт фаъолиятро ҷоннок намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин иқдом дар тамоми факултетҳои донишгоҳ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ