​Семинар: Идоракунии устувории бонки тиҷоратӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети иқтисодии бо ибтикори кафедраи кори бонкӣа семинари илмӣ – назариявии устодон баргузор гардид.

Ба кори семинар мудири кафедра дотсент С.Хамидова ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо мундариҷаи он шинос намуд. Сипас, дотсенти кафедра Фирӯза Қурбонова дар мавзуи “Идоракунии устувории бонки тиҷоратӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт” маърӯза намуд. Дар маърӯза масъалаҳои моҳияти устувории молиявии бонк, омилҳои ба устувории молиявӣ таъсиррасонанда ва нишондињандањои муайянкунандаи устувории низоми бонкї ва таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба рушди устувори низоми бонкии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷом устодони кафедра перомуни мавзуи баррасигардида мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ