​Семинар: Дарси намунавӣ бо усули таҷрибаҳои тадқиқотӣ

Дар доираи татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дирӯз бо ташаббуси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорони ҷавон семинар – машварат таҳти унвони “Дарси намунавӣ бо усулитаҷрибаҳоитадқиқотӣ”, бо иштироки омӯзгорони ҷавон баргузор гардид.

Семинар – машваратро мушовири ректор Маҳмадшо Маҳмадшоев ифтитоҳ бахшида, мақсади иқдоми мазкурро шарҳ дод.

Декани факултети биология ва химиядотсент Сироҷиддин Ҳакимхӯҷаев ба иштирокчиён доир ба методҳои инноватсионии таълим, ки бештар дар ихтисосҳои дақиқ самаранок истифода бурда мешаванд,маълумот дод. Дар ҷараёни семинар – машварат бештарусулҳои мушоҳида, таҷриба, тадқиқотӣ, кор дар гурӯҳҳо ва роҳҳои ҳавасманд намудани донишҷӯён ба иштирокчиён омӯзонидашуд.

Дар фарҷом дотсент Сироҷиддин Ҳакимхӯҷаев бо истифода аз таҷриба ва усулҳои муосири таълим як дарси намунвӣ баргузор намуда, ба омӯзгорони ҷавон усулитаҷрибаҳоитадқиқотиро дар амал нишон дод.

Ба иттилои шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот баргузориисилсилаи чунин семинар – машваратҳо дар факултетҳои донишгоҳ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи асосии ташкилу баргузории чунин тадбирҳо баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятнокӣ, сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон, истифодаи самараноки имкониятҳои таълим унвон шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ