​Семинар: Баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти инвеститсионӣ

Дар доираи ҳафтаи илм дар кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров семинари илмӣ – назариявии устодон баргузор гардид.

Ба кори семинар мудири кафедра Рауф Олимӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо мундариҷаи он шинос намуд. Баъдан сармуаллими кафедра Н.Файзиева дар мавзуи “Баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти инвеститсионӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ” маърӯза намуда, хусусиятҳои баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти сармоягузорӣ дар самтҳои мухталифро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар фарҷом мавзуи баррасигардида аз ҷониби иштирокчиён мавриди муҳокима қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ