​Сарвари маорифпарвар ва накӯандеш

Саодати мардуми шарафманди тоҷик дар он аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун анъанаи неки давлатдорӣ, ҳамасола дар Паёмҳоираҳнамо ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатии кишварро таҳрезӣ ва роҳҳои татбиқи онҳоро дақиқан муайян менамоянд. Тавассути барномарезии Паёмҳои дурандешона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат самтҳои мухталифи хоҷагии халқ рушду нумӯъ меёбад ва мамлакат марҳила ба марҳила комилан комёб мегардад. Чӣ тавре, ки дар Паёми навбатӣ санаи 23-уми декабри соли 2022 таъкид гардид, бунёди коргоҳҳои азими саноатӣ, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, қасрҳои фарҳанг, толор ва майдончаҳои варзишӣ ва дигар муассисаҳои хизмати маишӣ, тамоюлҳои аслии расида ба ҳадафҳои стратегии давлат инъикос менамоянд.Барои кормандони соҳаи маориф санаи ироаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи фараҳбахш аст, ки онро ҳамагон бесброна интизор мешавем. Зеро маҳз дар Паёми навбатӣ самтҳои фаъолияти соҳаи маориф барои соли оянда ва дурнамои он муайян карда мешавад.

Таваҷҷӯҳи хосаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равона гардидани қисми асосии буҷети Ҷумҳурӣ ба ин соҳа, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, оғози фаъолияти донишгоҳҳои нав ва ғайра далолат медиҳад. Муносибати падаронаи Пешвои миллат ба мардуми шарафманди кишвар дар он зоҳир мегардад, ки аллакай ин абармард таъмини насли наврасро бо муассисаҳои таълимӣ то солҳои 2030 ба нақша гирифтаанд ва тадриҷан амалӣ хоҳан гашт. Хурсандовар аст, ки таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба тарбия ва маърифати насли ҷавон хеле бузургаст. Ба имзорасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ ” ҳамагӣ баъди як рӯзи ироаи Паём шаҳодатиғамхории падаронаи Пешвоитоҷикони ҷаҳон мебошад ва аз хирадмандиву накӯандешииПешвои миллат дарак медиҳад.

Мо кормандони соҳаи маориф бо чунин роҳбари дилсӯзу ғамхор, дурбину дурандеш ва маорифпарвар ифтихор менамоем. Ҷавобан ба ин таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллатсидқан изҳор медорем, ки ҳар як ҳарфу нуқтаи ин абармардро аз самими қалб ҷонибдорӣ намуда баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат азм менамоем.

Собиров М.С.- дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ