​Рушди консепсияи миллии тарбия

Дар кафедраи педагогикаи умумӣ дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид, ки дар он аъзо ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Матлуба Умарова оид ба "Консепсияи миллии тарбия" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар марҳалаи аввали ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона карор дорад.

Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи кишвар ба тарбияи шахсиятхои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, дорои эҳсоси баланди ватандустӣ ва худогоҳии миллӣ, риояи қонун, ҳуқуқ, озодӣ, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакорӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст.

Гуфта шуд, ки тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондустӣ, озодаандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташабускориро ташаккул медиҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ