​Ҷавонон зидди хуруфот ва бегонапарастӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “Ҷавонон зидди хуруфот ва бегонапарастӣ” мулоқот доир гардид. Мулоқоти мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти адлияи вилояти Суғд - судяҳои Суди вилояти Суғд Аҳмадзода Фирӯза ва Шарифзода Бадриддин, мушовириСуди вилояти Суғд Абдухолиқзода Абдулазиз сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки мулоқоти мазкур ҷиҳати татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” ва ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин роҳандозӣ шуд.

Дар доираи мулоқот доир ба сабабҳои гароиш ба бегонапарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ маърӯзаҳо ироа шуданд.

Бо табодули афкор ва суолу ҷавоб миёни донишҷӯён ва намояндагони мақомот мулоқот анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ